Дастовардҳои 30 соли сиёсати хориҷии Тоҷикистон зимни Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ арзёбӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Арзёбии дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ҳамоиш.
Дар кори конфронс Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Фаррух Умаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов ва дигарон ширкат доштанд.
Хуршед Зиёӣ ҳадафи асосии баргузории конфронсро арзёбии ҳамаҷонибаи дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ донист. Ӯ зикр намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳалаи аввали истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро барои кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд. Кишвари мо на танҳо мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок карда, нақш офарид».
Ба гуфтаи Х.Зиёӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд роҳандозӣ намудааст, ки рӯз то рӯз дар ҳоли густаришёбист.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта, бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта мешавад. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза- 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 мебошад, ки аҳамияти глобалӣ доранд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс арзёбии ҳамаҷонибаи дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ, ҳолат ва дурнамои татбиқи авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии воқеият ва дурнамои шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, равандҳои муҳими геополитикии минтақавию байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили мубрами сиёсати хориҷӣ мебошад.
Инчунин дар ҳамоиш ходимони сиёсию давлатӣ, собиқадорони сиёсати хориҷӣ, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ, олимону коршиносони соҳа, ҳамзамон намояндагони идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»,
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






