Даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» дар Душанбе то 20 ноябр идома меёбад

Ноябрь 18, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маросими кушодашавии даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид,  ки то 20 ноябр идома меёбад, иттилоъ доданд аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Озмун аз рӯйи ҳафт номина дар 4 давр доир мегардад. Даври ҷамъбастии озмун аз 17 то 20 ноябр  идома ёфта, маросими ҷоизасупорӣ дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор  мешавад.

Дар  маросими кушодашавии даври ҷумҳуриявии озмуни  мазкур Раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат»  Матлубахон Сатториён доир ба  дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сухан карда, ба иштирокчиён дар даври ниҳоии озмун муваффақият таманно намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот гузаронида мешавад.  Дар даври ҷумҳуриявии озмун 350 нафар довталаб иштирок менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»  таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.

АКС аз манбаи боз

Ноябрь 18, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд