Доир ба густариши равобити адабию фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ доир шуд

Ноябрь 30, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим  Улуғзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Густариши равобити адабию фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон: ҳолат ва дурнамо» Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДЗТ.

Ректори ДДЗТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода аз  сарманша  гирифтани алоқаи ногусастанӣ ва занҷираи қавии мардуми тоҷику узбек дар ҷодаҳои дӯстию бародарӣ ва эҳтироми якдигар аз қаъри асрҳо ёдовар шуд.

Мавсуф афзуд, ки дарвоқеъ, дину мазҳаб, расму ойин ва фарҳангу адабиёти тоҷику узбек муштарак буда, дар рӯзҳои шодмонию талхкомӣ дар паҳлуи якдигар ҳастанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат чунин таъкид кардаанд: «Робитаҳои гуногунҷабҳа миёни тоҷикону узбекҳо бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто, услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусияти санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намуданд».

Ҳамзамон перомуни пайванди қадимии тоҷикону узбекҳо академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” чунин дарҷ кардааст: «Тоҷикон ва узбекон, ки ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки узбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи узбек файзбор буданд: хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикону узбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад».

Жило Гулназарзода доир ба адабиёт, фарҳанг, маънавиёт гуфт, ки  осори  адибони тоҷику форс, ки фаровон аз панду ҳикмат ва андарз аст, ба тавсеаи мафкураи инсондӯстии аҳли башар заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки ҳамчун яке аз гаҳвораҳои тамаддун пазируфта шудааст, ҳазорсолаҳо боз шеъри тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад ва шуаро дар эҷодиёти хеш арзишҳои волои инсониро тарғиб мекунанд.

Дар натиҷаи робитаҳои неки адабӣ миёни адибони номвари тоҷику узбек дӯстӣ ва устодию шогирдӣ ба вуҷуд омад. Дар ин маврид зикри пайванди устодию шогирдӣ ва дӯстию бародарии ду нобиғаи адабиёти миллатҳои мазкур- Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ногузир мебошад. Анъана ва суннати писандидаи алоқаи дӯстиро дар даврони навин адибон Садриддин Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом, Мирсаид Миршакар ва Зулфия, Лоиқ Шералӣ ва Эркин Воҳидов ва дигарон идома додаанд.

Ректор бо зикри хос афзуд, ки асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ осори хешро бо забонҳои тоҷикию узбекӣ таълиф намуда, ки гувоҳ ба эҳтироми хосса ва иртиботи дӯстии ӯ бо адибони узбек мебошад.

Дар умум равобити адабии тоҷикону узбекҳо дар ҷодаҳои адабиётшиносӣ, тарҷумаи осори якдигар, нақди адабӣ ва ғайра дар ҳоли густариш аст.

Дар идома профессор Муҳриддин Низомӣ дар мавзӯи «Нақши Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар таҳкими равобити адабии халқҳои тоҷику узбек», Каромиддин Ҷамаҳматов дар мавзӯи «Равобити илмиву адабӣ- таҳкимгари суннати ниёкон» ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилмурод Ҳомидов дар мавзӯи «Шарҳи чанд ҷойноми тоҷикиасли узбекишудаи минтақа» баромад намуданд.

Ҳамчунин, ба таври онлайн Ҷума Ҳамро, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон, дар мавзӯи «Пайвандгари асрҳову наслҳо», профессори Донишгоҳи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Боқиҷон Тухлиев дар мавзӯи «Низами и Навои о воспитании молодежи» ва профессори Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус дар мавзӯи «Чанд сухан дар бораи адабиётшиносии муосир тоҷик дар Узбекистон» суханронӣ карданд.

Дар кори конференсия зикр шуд, ки Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зарурати пажуҳиши марҳилаҳои тозаи равобити адабии миллатҳои тоҷику узбекро ба инобат гирифта, Конференсияи байналмилалии илмию назариявии “Густариши робитаҳои адабию фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон: ҳолат ва дурнамо”-ро маҳз ба ҳамин хотир роҳандозӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур муддати ду рӯз идома меёбад.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

 АКСҲО : ДДЗТ

Ноябрь 30, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт