Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ шахсияти сулҳофару сулҳпарвар ва сарҷамъкунандаи миллат эътироф намудаанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду ободии Ватан, фароҳамоварандни шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд, зикр намуд раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода имрӯз зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши Президент дар эҳёи давлатдории навини миллии тоҷикон» бахшида ба Рӯзи Президент, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Суди Олии иқтисодӣ ба АМИТ «Ховар».
Дар оғози ҳамоиш раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода доир ба аҳамияти таърихии ин рӯз гуфт, ки «дар чунин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст».
Раиси Суди Олии иқтисодӣ афзуд, ки ин рӯзи таърихӣ таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории давлатдориамон 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд.
Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш судяи Суди Олии иқтисодӣ Бахтиёр Наимзода дар мавзӯи «Нақши Президент дар таҳкими ҳокимияти судӣ», судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Одил Нурализода дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон» ва котиби маҷлиси судии Суди Олии иқтисодӣ Нодира Зокирова дар мавзӯи «Доираи салоҳиятҳои Президент тибқи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
АКС: Суди Олии иқтисодии ҶТ








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






