ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ. Ва ё таҷрибаи сулҳофарии Президенти Тоҷикистон чун намунаи нодир шинохта шудааст

Ноябрь 16, 2021 15:27

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихору сарфарозист, ки халқи тамаддунофару меҳнатқарини тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба Сарвари худ таҷлил менамоянд. Ғолибан таҷлили Рӯзи Президент тавъам бо таҳкими худшиносиву ватандорӣ ба тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳварӣ дар ниҳоди мардумро тақвият мебахшад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони садоқат ба давлату миллат, рамзи муҳаббат ба Ватан ва шарафу номуси ватандорист. Чунин изҳори назар намудааст ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил ҒАФУРЗОДА дар робита ба  Рӯзи Президент.

Муаллиф дар идома чунин менигорад:

 — Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳӣ тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ва ояндаи нек ҷо намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари фозилу хирадманд давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои  миллат дар таърихи беш аз 70-солаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ шинохта шудааст.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он заминаи мусоид фароҳам овард. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин иҷлосия дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард. Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз барои мардуми шарафмандамон фоли нек ҳисобида шуд ва халқи тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши воқеии миллат ва фотеҳи қуллаи ормонҳои миллатро дид.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.

Хизматҳои ин абармарди сиёсат дар таърихи халқи тоҷик абадӣ бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Зеро ин мустақилияте, ки ҳоло ба даст овардаем, мустақилияте мебошад, ки барои он тӯли ҳазор сол аҷдодонамон мубориза бурдаанд, ҷонбозиҳо кардаанд, шикастҳо хӯрдаанд. Пас месазад, ки ба қадри ин муборизаҳо, ҷонбозиҳо ва шикастану дубора сарболо шуданҳои миллати худ бирасем ва сарҷамъона чун ангуштони як даст ҳамроҳу ҳамдарду ҳамроз бошем.

Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад.

Дар урфият чунин таъбирҳо вуҷуд доранд: «ба халқ наздик», «аз миёни мардум баромадааст», «фарзанди халқ», «вакили мардум», «писари Ватан» ва амсоли инҳо. Ин таъбирҳо аз забони мардум ҳосил шудаву таҷрибаи мардуманд ва ҳар кадом дорои маънӣ ва мантиқи худ аст. Мардум таҷрибаи андӯхтаи худро ба наслҳои минбаъда, қабл аз ҳама, аз тариқи он намояндагони худ, ки нисбат ба хираду заковати мардум бештар таъсирпазиранд, интиқол медиҳанд; аз тариқи касоне, ки ҳамеша бо халқанд, касоне, ки онҳоро «фарзанди халқ» меноманд.

Калиди муваффақиятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки дар зимоми давлатдорӣ ба ганҷинаи ғании таҷрибаи давлатдории ниёгони сарбаланду бомаърифати хеш такя менамоянд. Бесабаб нест, ки имрӯз ҳам ин кори наҷибро идома дода, аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб шудан Пешвои миллат пайваста вохӯрию суҳбатҳоро бо аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шахсони кордидаю корозмуда, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа муҳимтарин фаъолияти хеш қарор додаанд.

Саҳифаҳои фаъолияти Пешвои миллат ҳамчун Сарвари давлат инъикоскунандаи чеҳраи сиёсиашон буда, ба қавли мардум «шахси қавлу амал» мебошанд. Дар тамоми давраи сарвариашон ҳар мақсаду вазифаи навбатиро ҳамаҷониба меомӯзанду таҳлил менамоянд ва аз ин ҷост, ки ҳеҷ кору амали оғозкардаашонро дар нимароҳ намемонанд.

Имрӯзҳо бо хираду заковати Пешвои миллат кишварамон дар ҳолати рушду инкишоф қарор дорад. Тамоми заҳматҳои хешро баҳри рушду нумӯи миллату давлат равона намуда истодаанд ва ин амал самараи хуб ба бор оварда истодааст.

Бигзор, ҷилои хиради Пешвои миллат ояндаи миллати моро мунаввар сохта, қалби ҳамватанонро саршор аз эътимоду боварӣ ба фардои неки Ватани азизамон Тоҷикистон гардонад ва халқи тоҷик зери сиёсати сулҳҷӯёна ва адолатпарваронаи Президенти маҳбуб дар фазои сулҳу оромӣ фаъолият намоянд.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»