ФУТБОЛ. Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт дар гурӯҳи «В»-и Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавонони то 23-сола мақоми дуюмро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии 3-юми гурӯҳи «В»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳузури 7200 нафар мухлис дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3:2 бар нафъи дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Эрон ба фарҷом расид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар қисми аввали бозӣ нахуст ба шогирдони Мубин Эргашев имкон даст дод, ки дар дақиқаи 10-уми бозӣ бо голи ба нишон расонидаи Ислом Зоиров ҳисоби бозиро боз кунанд. Пас аз 3 дақиқа футболбози бомаҳорати дастаи яккачини то 23-солаи Эрон Ёсин Салмонӣ тавонист аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев карда, ҳисоби бозиро мусовӣ намояд. Бо гузаштани 6 дақиқа Ёсин Салмонӣ аз фурсати ба миён омада самаранок истифода бурда, натиҷаро 2:1 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Эрон кард. Дар дақиқаи 22-юми бозӣ пас аз таъйин кардани зарбаи ҷаримавии пеналтӣ аз ҷониби довари бозӣ Ким Ву Сунг ба дарвозаи Эрон ниммуҳофизатгари бомаҳорати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе зарбаро дуруст ба самар расонида, натиҷаро мусовӣ кард. Дар охирҳои қисми аввали бозӣ Ёсин Салмонӣ як тӯби дигар ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев зада, бо ҳамин бо натиҷаи 3:2 дастаҳо ба танаффус баромаданд.
Дар қисми дуюми бозӣ мухлисон дигар шоҳиди гол нашуданд, ҳарчанд ки ҳарду дастаи мунтахаб фурсатҳои зиёди голзанӣ дар назди дарвозаи якдигар доштанд. Пас аз пирӯзӣ шогирдони Меҳдӣ Маҳдавикӣ шумораи имтиёзҳояшонро ба 9 адад расонида, садрнишини гурӯҳи «В» гардиданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо доштани 6 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал маскан гирифт. Дар айни замон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қатори чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро касб кардаанд, қарор дорад. Аммо оё дастаи мо соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 мешавад, ин ба натиҷаи бозии дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Мянмар, ки 2 ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, вобастагӣ дорад. Агар яке аз дастаҳо бо ҳисоби ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) пирӯз шавад, онгоҳ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат хоҳад гирифт. Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, он гоҳ кортҳои зард ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022
Гурӯҳи «В»
Эрон (U23) 3:2 Тоҷикистон (U23)
Голҳо: Ислом Зоиров 10′, Ёсин Салмонӣ 13′, 19′ , Эҳсони Панҷшанбе 22′, Ёсин Салмонӣ 45′
Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022
Гурӯҳи «В» (бозии 2-юм)
«Тоҷикистон »(U-23 ) 6:0 «Непал» (U-23)
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев 24′, Шарафҷон Солеҳов 32′, Рустам Соиров 39′, Муҳаммадалӣ Азизбоев 61′, Ваҳдат Ҳанонов 68′ (пен.), Эмомалӣ Аҳмадҷон 72′.
Ёдовар мешавем, ки 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфта буд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зада буд.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
28 октябр (панҷшанбе)
16:00. Лубнон – Эрон 0:2
19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН 0:6
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд






