Густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса дар Париж баррасӣ гардиданд

Ноябрь 11, 2021 08:43

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири Президенти Фаронса оид ба Аврупои континенталӣ ва Туркия  Изабел Дюмон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар партави натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар санаи 12-14 октябри соли 2021 табодули  афкор намуданд. Дар ин робита, раванди созандаву пайгиронаи муколамаи сатҳи олии ду кишвар баланд арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса иброз карда шуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 11, 2021 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд