Густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса дар Париж баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири Президенти Фаронса оид ба Аврупои континенталӣ ва Туркия Изабел Дюмон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар партави натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар санаи 12-14 октябри соли 2021 табодули афкор намуданд. Дар ин робита, раванди созандаву пайгиронаи муколамаи сатҳи олии ду кишвар баланд арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса иброз карда шуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






