М. Сафолзода: «Иқдомоти созандаи Президенти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави бурунрафт аз қазияи Афғонистон босамар, мубрам ва прагматикианд»
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикороти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба мушкилоти мавҷудаи Афғонистон ва таҳлили фарогири вазъ дар ин кишвар, иқдомоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нави бурунрафт аз қазия пешниҳод карда мешаванд. Агар ин нуктаро бо як ҷумла баён намоем, метавон гуфт, аз таҳлилҳои иқдомоти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд чунин натиҷагирӣ кард, ки онҳо босамар, мубрам ва прагматикӣ мебошанд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» олими шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити байналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода иброз дошт.
Мавсуф зикр намуд, ки арзишҳои стратегияҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гаштаанд, дар он зоҳир мегарданд, ки онҳо дар баробари асосҳои консептуалӣ ва усулҳои ҳамбастагӣ ба тамоми давлатҳо, пеш аз ҳама, ба робитаҳои созанда бо кишвари Афғонистон равона карда шудаанд. Дар он кишвар мардуми азияткашидаи он ба сулҳ ва суботи деринтизор зарурати бештар доранд.
«Воқеаҳои охири солҳои 90-уми асри гузашта, ки ба барқарории сулҳ ва субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот доранд ва он сулҳи деринтизор таҳти унвони “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, аз ҷумлаи пояҳои бунёдиеанд, ки дар заминаи ҷараёни суратгирифтаи онҳо усулҳо ва асосҳои консептуалии стратегияи сиёсати хориҷии кишвар таҳким ёфтаанд ва маҷмуан, бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд. Маҳз ҳамин иқдомҳо буданд, ки сабаби боло рафтани имиҷи байналмилалии мамлакат ва ҷалби фаъолонаи вай дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳо ва қазияҳои сатҳи ҷаҳонӣ гаштанд»,-тазаккур дод ӯ.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари ҳамкории башарӣ-иқтисодӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи махсус равона месозанд. Дар робита ба ин, дар баромадҳо ва иқдомоти созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба мисли СММ, САҲА, СҲИ сурат мегиранд, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал оварда мешавад, то дар ҳалли қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
«Бо ибтикороти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо такя ба мушкилоти мавҷудаи Афғонистон ва таҳлили фарогири вазъ дар ин кишвар», иқдомоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нави бурунрафт аз қазия пешниҳод карда мешаванд. Агар ин нуктаро бо як ҷумла баён намоем, метавон гуфт, ки аз таҳлилҳои иқдомоти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд чунин натиҷагирӣ кард, ки онҳо босамар, мубрам ва прагматикӣ мебошанд», — изҳор дошт коршинос.
Олими тоҷик ҳамчунин гуфт, ки хизматҳои бузурги Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳи фарогир дар арсаи байналмилалӣ бориз арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати мутавозин ва дақиқ санҷидашудаи «дарҳои кушод» дар баробари дӯстони анъанавӣ ва шарикони худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳоро ба самти фазои ҳамкорӣ ҷалб кард. То ба имрӯз тақрибан 150 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба таври расмӣ шинохта, бо 130-тои он равобити дипломатӣ барқарор карда шудааст. Сиёсати «дарҳои кушод» ба Тоҷикистон имкон дод, ки мавқеи худро дар сафҳои ҷомеаи байналмилалӣ тавсеа ва таҳким бахшад, дар ҷустуҷӯи қазияҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ ва иштирок намояд, ба таври фаъол ва самарабахш бо аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бо дарназардошти манофеи миллии худ ҳамкории мутақобила ба роҳ монда, айни замон тавозуни манфиатҳои худ ва умумиро дар сиёсати хориҷӣ таъмин созад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»






