М. Сафолзода: «Иқдомоти созандаи Президенти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави бурунрафт аз қазияи Афғонистон босамар, мубрам ва прагматикианд»

Ноябрь 16, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикороти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба мушкилоти мавҷудаи Афғонистон ва таҳлили фарогири вазъ дар ин кишвар, иқдомоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нави бурунрафт аз қазия пешниҳод карда мешаванд. Агар ин нуктаро бо як ҷумла баён намоем, метавон гуфт, аз таҳлилҳои иқдомоти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд чунин натиҷагирӣ кард, ки онҳо босамар, мубрам ва прагматикӣ мебошанд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» олими шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити байналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода иброз дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки арзишҳои стратегияҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гаштаанд, дар он зоҳир мегарданд, ки онҳо дар баробари асосҳои консептуалӣ ва усулҳои ҳамбастагӣ  ба тамоми давлатҳо, пеш аз ҳама, ба робитаҳои созанда бо кишвари Афғонистон равона карда шудаанд. Дар он кишвар мардуми азияткашидаи он ба сулҳ ва суботи деринтизор зарурати бештар доранд.

«Воқеаҳои охири солҳои 90-уми асри гузашта, ки ба барқарории сулҳ ва субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот доранд ва он сулҳи деринтизор таҳти унвони “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, аз ҷумлаи пояҳои бунёдиеанд, ки дар заминаи ҷараёни суратгирифтаи онҳо усулҳо ва асосҳои консептуалии стратегияи сиёсати хориҷии кишвар таҳким ёфтаанд ва маҷмуан, бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд. Маҳз ҳамин иқдомҳо буданд, ки сабаби боло рафтани имиҷи байналмилалии мамлакат ва ҷалби фаъолонаи вай дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳо ва қазияҳои сатҳи ҷаҳонӣ гаштанд»,-тазаккур дод ӯ.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари ҳамкории башарӣ-иқтисодӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи махсус равона месозанд. Дар робита ба ин, дар баромадҳо ва иқдомоти созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба мисли СММ, САҲА, СҲИ сурат мегиранд, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал оварда мешавад, то дар ҳалли қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

«Бо ибтикороти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо такя ба мушкилоти мавҷудаи Афғонистон ва таҳлили фарогири вазъ дар ин кишвар», иқдомоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои нави бурунрафт аз қазия пешниҳод карда мешаванд. Агар ин нуктаро бо як ҷумла баён намоем, метавон гуфт, ки аз таҳлилҳои иқдомоти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд чунин натиҷагирӣ кард, ки онҳо босамар, мубрам ва прагматикӣ мебошанд», — изҳор дошт коршинос.

Олими тоҷик  ҳамчунин гуфт, ки хизматҳои бузурги Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳи фарогир дар арсаи байналмилалӣ бориз арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати мутавозин ва дақиқ санҷидашудаи «дарҳои кушод» дар баробари дӯстони анъанавӣ ва шарикони худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳоро ба самти фазои ҳамкорӣ ҷалб кард. То ба имрӯз тақрибан 150 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба таври расмӣ шинохта, бо 130-тои он  равобити дипломатӣ барқарор карда шудааст. Сиёсати «дарҳои кушод» ба Тоҷикистон имкон дод, ки мавқеи худро дар сафҳои ҷомеаи байналмилалӣ тавсеа ва таҳким бахшад, дар ҷустуҷӯи қазияҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ ва иштирок намояд, ба таври фаъол ва самарабахш бо аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бо дарназардошти манофеи миллии худ ҳамкории мутақобила ба роҳ монда, айни замон тавозуни манфиатҳои худ ва умумиро дар сиёсати хориҷӣ таъмин созад.

АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»