Имрӯз дорандаи ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» — ТВ «Ҷаҳоннамо» 13-сола мешавад

Ноябрь 5, 2021 14:07

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси  Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 13 сол пур мешавад. Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  31 октябри соли 2008 таъсис ёфта, фаъолияти худро  5  ноябри соли 2008 оғоз кардааст.

Муассисаи  мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сартосарии ҷумҳурӣ бо пахши намоишҳои телевизиони Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати барномаҳо, афзун намудани нуфузи иттилоотии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва ғайра аз 31 январи соли 2018 ба пахши рақамӣ ва формати дақиқияти баланд (HD) гузашт.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳем дар бораи фаъолияти  шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо»,  ки аз оғози таъсис то имрӯз муддати 24 соат бе таваққуф бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ пахш менамояд, ба хонандагон маълумот диҳем.

Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба моҳвора пайваст буда, ҳудуди фарогирии он дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақрибан  65 фоизро дар бар мегирад. Муассисаи  мазкур бо шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи телевизионии «Пресс-ТВ»-Ҷумҳурии  Исломии Эрон, «РашаТудей»-и Федератсияи Русия, шабакаҳои телевизионии «Нурин» ва «Тулу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахши  форсии шабакаи «Би-Би-Си»-и  Британияи Кабир ва ғайра робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Тавре  аз Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин шабака моҳи марти соли 2015 барои  нишондоду дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот, ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид дар шаҳри Женеваи Швейтсария аз ҷониби ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди» ба дарёфти Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардида буд.

«Ҷаҳоннамо» шабакаи иттилоотии саросарии  мамлакат  буда, мақсад  аз таъсиси он таъмини  аҳолӣ  бо иттилооти муфиду саривақтӣ, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои  сиёсат,  иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигар ахбори муҳим аз мамолики хориҷи дуру наздик  маҳсуб мешавад.

Самтҳои асосии фаъолияти муассисаро таъмини  аҳолии  ҷумҳурӣ  бо иттилооти наву дақиқ,  сареъу  саҳеҳ аз дохил ва хориҷи он, таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ, афзалият додан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот ва  инсонпарварӣ  ташкил медиҳанд.

Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар маҷмӯъ аз 3 идораи эҷодӣ — «Хабар», «Барномаҳои таҳлилӣ», «Нашри барномаҳо» иборат буда, ҳамзамон дар он  бахши хабарҳои хориҷӣ бо номи  «Дунё» низ фаъолият мекунад. Ҳайати «Ҷаҳоннамо»-ро мутахассисони варзида, хатмкардагони донишгоҳҳои олӣ, номзадҳои илм, аспирантон, магистрони илмӣ ва иштирокчиёни семинару тренингҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.

Дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» дар баробари барномаҳои иттилооотӣ, ҳамзамон барномаҳои таҳлилӣ низ таҳия ва пахш мегарданд. Барномаҳои таҳлилии ин шабака бештар фарогири мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ буда, дар инъикос ва ошкорнамоии камбудиҳои иҷтимоӣ  саҳми босазо доранд.

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тибқи ҷадвали корбаст 140 басти корӣ дорад, ки аз ин 38 нафарашонро занҳо ташкил менамоянд. Синни кормандони муассиса аз 18 то 40 солро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки 75 фоизи кормандон маълумоти олӣ, 25 фоиз – олии нопурра, миёнаи касбӣ ва миёнаи махсус доранд. Дар муассиса 90 фоизи кормандон аз рўи ихтисос фаъолият доранд. Ду нафар номзади илм ҳам ифои вазифа мекунанд.

Кормандони эҷодию фаннии «Ҷаҳоннамо» дар ҷустуҷӯ ва эҷоди тоза буда, дар барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Геополитика», «Дидгоҳ», «Таҳқиқ», «Нуқтаи назар», «Масъулият», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Ҷаҳони иртибот», «Суҳбати муҳим», «Суҳбати рӯз», «Иқтисод+» рӯйдоду воқеаҳои кишвар ва ҷаҳонро ба риштаи таҳлил дароварда, афкору андешаи коршиносони масоили сиёсиро оид ба ин ва ё он рўйдоди муҳими олам ҷой додаанд. Барномаҳои «Рушди устувор», «Робита», «Амал», «Масири рушд», «Назари хос», «Бунёдкор», «Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон», «Тандурустӣ»,  «Оё медонед?», «Шифои комил», «Фарҳанг», «Хати сабз», «Тозанашр», «Туризм», «Кишоварз», «Маориф ва илм», «Иқтисод», «Набзи сайёра»  ва «Сифат» фарогири навигариҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, инкишофи бахшҳои гуногуни соҳаи илм, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мебошанд.

Дар маҷмӯъ, тақрибан ҳудуди  80 дарсади барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо» иттилоотӣ мебошанд. Аз  24 соати вақти эфири шабака танҳо 4 соати онро барномаҳои хабарии англисиву русӣ ташкил додаанд, яъне аз шаш як ҳиссаи маҷмӯи барномаҳо бо забони хориҷӣ ва панҷ ҳиссаи боқимондаи он бо забони  давлатӣ пахш мегарданд. Инчунин агар аз 24 соати барномаҳо тақрибан 16 соати он аз  барномаҳои хабарӣ иборат бошад, 14 соати боқимондаро барномаҳои таҳлиливу сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ  ва суҳбатҳо ташкил  медиҳанд.

Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ягона шабакаи иттилоотӣ  дар ҷумҳурӣ  ба ҳисоб меравад, ки 24 соат ба пахши рӯйдоду навигарӣ, барномаҳои таҳлилию иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ  машғул аст.

Ёдовар мешавем, ки аз нимаи дуюми асри XX телевизион ба ҷумлаи расонаҳои бонуфузе табдил ёфтааст, ки барои фароғат, таҳсил, гирифтани хабар ва таблиғ  ба одамон  хизмат мекунад.  Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» низ имрӯз  миёни мардум ҷойгоҳи муносибе пайдо намудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз ТВ «Ҷаҳоннамо»

Ноябрь 5, 2021 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст