Имрӯз Мусобиқаи бонуфузи Baku Grand Slam-2021 оид ба гӯштини дзюдо оғоз мешавад

Ноябрь 5, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Боку — пойтахти Озарбойҷон Мусобиқаи  Baku Grand Slam-2021 оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад, ва то 7 ноябр идома меёбад, хабар дод ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 207 варзишгар,  аз ҷумла, 132 мард ва 75 зан аз 31 кишвари қора дар назар аст.

Дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 паҳлавони шинохта:

1.Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг)

2.Ҳақназар Назаров(-81кг)

3.Хушвахт Идиев (-81кг)

4.Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)

5.Амирҷони Насимҷон (-90кг)

6.Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

 Рӯзи 1 | 5 ноябр | Ҷумъа

Оғоз:

Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00

Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;

Мардон: -60 kg, -66 kg;

 Рӯзи 2 | 6 ноябр | Шанбе

Оғоз:

Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00

Занон: -63 kg, -70 kg;

Мардон: -73 kg, -81 kg;

 Рӯзи 3 | 7 ноябр | Якшанбе

Оғоз:

Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00

Занон: -78 kg, +78 kg;

Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg;

                                                                               АКС аз КМО Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд