ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФАЛСАФА. Мутолиаи зиёд дарку фаҳмиши фалсафаро осон мегардонад

Ноябрь 18, 2021 13:07

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр Рӯзи байналмилалии фалсафа таҷлил мегардад. Имсол он ба ҳамин рӯз- 18 ноябр рост омадааст. ЮНЕСКО дар ин рӯз диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба муҳимияти фалсафа ва нақши ҳалкунанда доштани он дар такомул ва рушди афкори инсонӣ ҷалб менамояд.

 Декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон, доктори илмҳои фалсафа Нозим МАҲМАДИЗОДА таърихи пайдоиш  ва аҳамияти фалсафаро шарҳ дод.

Нозим Маҳмадизода фалсафаро чун қисмати алоҳидаи донише медонад, ки 2500 сол пеш дар Юнони қадим пайдо шудааст.

«Фалсафа — ин на танҳо фанни ҷолиби илмист, балки амали ҳаррӯзаи ҳаёти одамон аст, ки метавонад ҷомеаро тағйир диҳад. Илми фалсафа ба гуфтугӯи тамаддунҳо мусоидат карда, ба шавқмандӣ ба андеша кардан ва табодули ақида намудану таҳаммулпазир будан ҳидоят месозад. Бо ин роҳ фалсафа кумак менамояд то инсон ба мушкилоти муосир посух пайдо намояд ва  роҳи дарки онро ба ҷомеа пешниҳод созад»,- мегӯяд ӯ.

Тавре аз мафҳуми фалсафа бармеояд,  философия, filo-дӯст медорам, sofiya-ҳикмат, яъне дӯстдори ҳикмат аст. Як манзараи таърихист, ки ба Пифагор савол медиҳанд, ту ҳаким ҳастӣ? Ӯ мегӯяд, не, ман ҳаким нестам, танҳо дӯстдори ҳикмат, яъне файласуф ҳастам.

«Инкишофу пайдоиши фалсафа як сабаб дошт, аввал- ин тақсим шудани меҳнати фикрӣ аз меҳнати ҷисмонӣ ва дувуман- инкишоф додани дониш ҳамчун қисмати махсусе, ки хоси ашрофзодагон аст. Ва бояд гуфт, ки дар замони мо фалсафа бедории фикрӣ аст. Ба инсон имконият медиҳад, то тафаккури тоза ва танқидӣ дошта бошад»,- афзуд доктори илмҳои фалсафа.

Тафаккури иттилоотӣ ва фалсафа

Н. Маҳмадизода бар он андеша  аст, ки фалсафа ба ҳар масъалае, хоҳ иҷтимоӣ, сиёсӣ ва хоҳ фарҳангӣ , кунҷковона назар карда, паҳлӯҳои ба ҷомеа фоидаовари онро пешниҳод менамояд.

«Рисолати дигари фалсафа аз он иборат аст, ки ҷавонони имрӯзаро дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром  ба ватану миллат  тарбия намояд.     Хатару омилҳоеро, ки ҷаҳонишавӣ ба сари фарҳанги мо бор мекунад, бояд тавассути тафаккури танқидӣ, фалсафӣ дарк карда шаванд.  Мо ба ин васила бояд кӯшиш намоем, ки  фарҳанги миллии худро ба замон  мувофиқ карда, тавассути механизмҳои гуногуни маърифатӣ инкишоф диҳем, -таъкид намуд номбурда ва илова кард, ки  мо дар замони рушди тамаддуни иттилоотӣ қарор дорем ва тавре маълум аст, тамаддуни иттилоотӣ дар баробари паҳлӯҳои мусбат паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Масалан, ҳар гуна идеологияи динӣ, ифротӣ дар байни ҷомеаи мо ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад. Ҳатто як гурӯҳ ҷавонони мо ба сафи гурӯҳҳои ифротию террористӣ дохил мешаванд. Мисоли маълум, якчанд сол қабл иштироки ҷавонони мо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба назар расида буд. Нақши фалсафа дар ин маврид аз он иборат аст, ки тавассути механизмҳои бедорсозии ҷавонон инкишоф додани тафаккури итилоотӣ ё танқидии онҳоро бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ба роҳ монем.

Дарки фалсафа ва тафаккури фалсафӣ барои инсон

Воқеан дар ибтидо дарки фалсафа мушкил аст. Чун забони фалсафа забони хос аст. Барои он ки мо фалсафаро дарк кунем, бояд мафҳумҳо, истилоҳот, қонунҳои фалсафаро аз худ намоем. Худи фалсафа ҷаҳони бекарон буда, дарки асосҳои фалсафа, мактабу равияҳои он, ки дар муддати 2500 сол ташаккул ёфтаанд,  душворӣ ҳам пеш меорад.

«Вақте мо мафҳум, қонуну қоидаҳои фалсафаро аз худ мекунем, даркаш осон мегардад. Фалсафа талаботи нисбатан ҷиддӣ дорад, яъне нафаре, ки мехоҳад ҳаёти худро бо фалсафа бипайвандад, мебояд мутолиаи зиёд дошта бошад. Зеро мутолиаи зиёд дарку фаҳми фалсафаро хеле осон мегардонад»,-  изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Ҳодисаи аҷиби таърихӣ

Сёрен Керкигор, попи насронӣ, вақте ки таърифи файласуфи олмонӣ Гегел ба гӯшаш мерасад, иштиёқ пайдо мекунад, ки ба Аврупо рафта, дар маърӯзаҳои Гегел иштирок намояд. Вақте бо чанд нафар аз ҳамақидаҳояш ба Олмон сафар карда, дар маърӯзаҳо иштирок мекунад, аз  гуфтаҳо Гегел чизеро дарк наменамояд. Сипас, ба саҳни бино баромада, интизори Гегел мешаванд. Гегелро дида, мегӯянд, ки таърифи шумо тамоми Аврупоро гирифтааст, вале мо ҳоло аз маърӯзаи шумо чизеро дарк накардем. Гегел бо суоли чанд сол илми фалсафа хонданашон ба онҳо муроҷиат мекунад. Дар посух онҳо мегӯянд, ки мо нахондему мехоҳем танҳо фалсафаро дарк намоем. Гегел мегӯяд, барои он ки шумо маърӯзаҳои маро дарк кунед, бояд на камтар аз 10 сол таълими фалсафӣ гирифта бошед. Бояд мафҳуму истилоҳоти фалсафиро аз худ намоед, дар акси ҳол ин ҷо ҷои шумо нест.

Сипас, Сёрен Керкигор мақсад мегузорад, то ки забони фалсафаро осон кунад ва коре намояд, то фалсафаро ба таври фаҳмову осон ба мардум расонад. Пас аз чанд сол ӯ мактаби экзистенсиализмро асос мегузорад. Он мактаби фалсафиест, ки маънояш вуҷудгароист ва онҳо тавонистанд тавассути китобҳои бадеӣ, театр, мусиқӣ, кино ва рӯзномаҳо фалсафаро сода намуда, забони онро осонбаён созанд.

Бояд гуфт, ки нақши фалсафа чун илм дар мустаҳкамнамоии пояҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеяи миллӣ дар ҷомеаи имрӯза хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Барои мисол, дар муассисаҳои олӣ фалсафа чун фанни махсус таълим дода мешавад. Яке аз ҳадафҳои омӯзонидани фалсафа ба донишҷӯ- ин тавассути механизмҳои маърифатӣ инкишоф додани тафаккури онҳо ва эҳтиром доштан ба пояҳои истиқлолияти давлатист. Ҷомеаи имрӯзаи мо дар марҳилаи гузариш қарор дорад ва дар ин марҳила якчанд камбудиҳои ҷомеа низ маълум мешаванд.

Нозим Маҳмадизода мегӯяд, ки дар ин ҳолат нақши фалсафа аз он иборат аст, ки камбудиҳои мавҷударо сари вақт дарк намуда, ба ҷомеа пешниҳод намояд, то давлату ҳукумат онҳоро дастҷамъона бартараф созанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Ноябрь 18, 2021 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Саразм бостоншиносони тоҷик ва фаронсавӣ интизори кашфиёти нав ҳастанд
Дар Душанбе Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад