«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Губернатори вилояти Омск зимни ифтитоҳи Анҷумани ҷавонони «Русия – минтақаи Осиёи Марказӣ» абёти Рӯдакиро мисол овард

Ноябрь 17, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 17.11.2021/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 ширкаткунанда аз 11 минтақаи Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Омск дар Форуми сарварони ҷавони Русия ва Осиёи Марказӣ, ки имрӯз, 17 ноябр ифтитоҳ ёфт, мушкилоти мубориза бо пандемияи коронавирус, масъалаҳои экологӣ ва урбанизатсияро баррасӣ мекунанд.

Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН дар ин бора.   

«Ин форум бори аввал дар қаламрави Федератсияи Русия бо ширкати ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Инҳо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд. <…> Анҷумани мо дар се самт гузаронида мешавад:  самти аввал мавзӯъҳои шаҳрнишинӣ (урбанизатисия) ва ободонӣ, самти дуюм –  таҷрибаи созмонҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус, смамти сеюм – нақши ҷавонон дар ҳифзи муҳити зист», —  гуфт узви Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, узви Шӯрои нозирони дафтари лоиҳаи Русия ва Осиёи Марказӣ Татяна Селиверстова дар маросими ифтитоҳ.

Ба гуфтаи губернатори вилояти Омск Александр Бурков, Омскро дарвозаи Осиёи Марказӣ меноманд. «Ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ин минтақа барои мо аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, мо онро қадр мекунем ва ба рушди минбаъдаи он манфиатдорем. Барои ин муҳим аст, ки анъанаҳои шарикӣ аз насл ба насл гузаранд», — гуфт ӯ.

Александр Бурков расман форумро бо суханронии видео-онлайнӣ ифтитоҳ намуд.

«Таърихи муносибатҳо байни кишварҳои мо ба садсолаҳо мепайвандад. Ва анҷумани имрӯза ҳамкории ҷавонони моро таҳким мебахшад. Шоир ва донишманди тоҷику форс Рӯдакӣ ба таври образнок ҷаҳонро дарё номидааст. Барои шино кардан дар он, гуфтааст ӯ, мебояд аз корҳои хайр  киштие сохт. Ман чунин мешуморам, ки ин форум, ки сарварони ҷавони шаш давлатро ба ҳам  гирд овардааст, барои сохтани чунин киштӣ майдони олӣ мебошад. Шумо фаъол, барои муколама омода дорои иқтидори  инноватсионӣ ҳастед. Бо саъю кӯшиши якҷояи шумо  ташаббусҳои пешқадаме ба амал бароварда мешаванд, ки ҳаёти шаҳрвандони моро боз ҳам беҳтар менамоянд. Боварӣ дорам, ки дар чаҳорчӯби форум тавофуқҳое ҳосил хоҳанд шуд, ки ба сарнавишти ҳамкории Русия ва минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд», —   иброз намуд губернатор. 

Дар омади гап, дар  шеъри асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки барҳақ ӯро Одамушшуаро меноманд, чунин омадааст:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст, в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Форуми сарварони ҷавони Русия ва Осиёи Марказӣ  аз 16 то 19 ноябр идома хоҳад ёфт.  Дар он 10 нафар намояндагони ҷавонони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ширкат доранд.

 РӮЙХАТИ
иштироккунандагони Форуми сарварони ҷавон«Русия — минтақаи Осиёи Марказӣ»аз Тоҷикистон

  

Ном, насаб ва номи падар Донишгоҳ 
1. Ашуров Ашуралӣ Муродович Донишгоҳи технологии Русия
2. Ҳофизов Кароматулло Ҳаётуллоевич Донишгоҳи миллии технологии тадқиқотӣ
3. Аҳмадалиев Аҳмадҷон Акмалҷонович Донишгоҳи давлатии политехникии Москва
4. Маҳмудова Мавзуна Ҳотамовна Донишгоҳи технологии Русия
5. Ахунова Фараҳноз Фозилҷоновна Донишгоҳи давлатии геологию ҷустуҷӯии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе
6. Абдуҳамедова Ясминахон Бунёдҷоновна Якумин Донишгоҳи давлатии тиббии Москва ба номи Сеченов
7. Мирбаракаев Давлат Зафарович Донишгоҳи давлатии политехникии Москва
8. Бозоров Шаҳзод Зарифович  Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия
9. Ҷамолов Абдумалик Манонович Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия
10. Оқилова Нилуфар Баҳодуровна Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия

АКСҲО: маркази матбуоти вилояти Омски Федератсияи Русия/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд