«КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Таҳти ин ном дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ. 06.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар амфитеатри Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва сокинони срабаланди пойтахт ширкат доштанд.
Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳамаи сокинонро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия таҳният гуфта, ҳамчнин иброз намуд, ки аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург мебошад. Аз қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки он замон кишвар дар вазъияти бисёр мураккаби сиёсӣ қарор дошт, 27 сол пур мешавад. Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Роҳи интихобкардаи Пешвои дурандешу заҳматпеша, ин эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаи ин абармард дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми ватану истиқлол, ки аз ҷониби ҳунармандони ҷавону умедбахш таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе













Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






