Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд

Октябрь 6, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омода буда, марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.

Имсол дар умум 3 ҳазору 300 бино ва иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд. Бо ин мақсад аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии хона ва коргоҳу идораҳои худро санҷанд ва барои қабули оби гарм омода кунанд.

Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир ба бунёд намудани иқтидори нав вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Ин иқдом метавонад барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъминоти пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 6, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид