Кумитаи дин: Гузориши Департаменти ИМА баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест

Ноябрь 19, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл Департаменти давлатии ИМА дар гузориши навбатии худ оид ба озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар қатори Чин, Русия, Туркманистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва ғайра дар феҳристи «кишварҳои мавриди нигаронии хос» аз назари озодиҳои динӣ ҷой додааст.

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин гузориш ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфтанд: «Мо борҳо дар мавриди чунин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем: ин гунна  баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест».

Тазаккур дода шуд, ки ба хотири рафъи чунин сӯитафоҳум ҳоло Кумита гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то бо ҳузури онҳо ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ дода шавад.

АКС:  АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид