МАКТАБИ ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Мулоҳизаҳои Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бахшида ба Рӯзи Президент
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин маротиба институти президентӣ дар Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиротҳои дахлдор ба Конститутсияи ҳамон сол амалкунанда моҳи ноябри соли 1990 таъсис дода шуда, ду нафар ба ин мансаби олӣ интихоб гардидаанд. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ худ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар робита ба Рӯзи Президент, ки имрӯз ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид гардид.
Муаллиф дар идома чунин менигорад:
— Дар як муддати кӯтоҳ (солҳои 1990-1992) Президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд.
Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрвандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокинони кишвар гардид.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият боз монда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.
Иқтисодиёт фалаҷ ва буҷети давлатӣ аз захираҳои худ маҳрум гардида, кишварро хавфи парокандашавӣ фаро гирифта буд.
Дар чунин лаҳзаҳои душвор 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд (на дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти гуруҳҳои ифротии силоҳбадасти ғайриқонунӣ қарор дошт) иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи барои миллати тоҷик тақдирсоз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардида, бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд.
Таҳти роҳбарии ин абармарди таърих мардуми шарифи Тоҷикистон дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид.
Дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ Роҳбари давлат ҳаёти худро дар хатар монда, ҷиҳати музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар намудаанд.
Тавассути ин тадбирҳо оташи ҷанг хомӯш ва тамоми гурезагон ба Ватан – ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонида шудаанд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.
Муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар назди Ватану миллат маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз дар рӯзҳои аввалини Роҳбари давлат интихоб шудан, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-ум ҷонибдори бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро изҳор дошта, минбаъд ин ҳадаф дар Конститутсияи аз тариқи райъпурсӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт.
Ин санади муҳим таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ оғоз бахшид.
Дар асоси ин санад ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ карда шуда, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил карда шуданд.
Аз ҷумла, парламенти касбии дупалатагӣ таъсис ёфта, он ба шохаи мустақил ва ҷузъи муҳими ҳокимияти давлатӣ табдил дода шуд.
Дар ин давра аз ҷониби Президенти кишвар чор барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид ва ислоҳот дар мақомоти дигари давлатӣ идома дорад.
Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бошад, бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ, яъне дар ҷойи холӣ таъсис дода шуда, он айни ҳол ба сипари боэътимоди Ватан аз таҷовузи беруна ва дигар таҳдидҳои ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона намудаанд.
Ҳамагон дар хотир доранд, ки дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, он оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард.
Бо қабул ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ” (моҳи декабри соли 1994) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ мусодира карда шуд, ки он дар таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши босазо дорад.
Ба шарофати ин амалҳо айни ҳол Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бошад, ба руйхати 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини дунё дохил карда шудааст.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ноил гардид.
Ба туфайли амалӣ гардидани ислоҳотҳои иқтисодӣ даромадҳои буҷети давлатӣ дар 20 соли охир аз 252 миллион сомонӣ то 28,3 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, даромадҳои аҳолӣ 65 баробар зиёд ва сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 айни замон то 26,3 фоиз паст карда шудааст.
Дар ҳоле, ки солҳои аввали истиқлолият (1992-1995) музди меҳнат ва нафақа тамоман ночиз буда, муаллимону табибон ҳамагӣ 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ 15-17 сомонӣ маош мегирифтанд, имрӯзҳо музди меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади аҳолӣ 65 фоиз афзоиш ёфтааст ва ин иқдом идома дорад.
Дар ин давра Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, тавассути бунёди шоҳроҳу нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳои замонавӣ имконияти рафтуомади доимӣ байни ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин ва бо ду давлати дигари ҳамсоя Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Афғонистон алоқаи нақлиётӣ барқарор карда шуд.
Дар самти ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ низ пешравиҳои назаррас таъмин карда шуда, дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд ва зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқӣ-обии Роғун бунёди иншооти аср – босуръат идома дошта, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин гардида истодааст.
Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ ғамхории пайваста зоҳир менамоянд.
Дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар афзуда, аз 41 миллион сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 5,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Дар ин давра зиёда аз 3224 муассисаҳои таълимӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ ва мақоми забони тоҷикӣ низ аз ҷумлаи хидматҳои беназир ва таърихии Пешвои миллат маҳсуб меёбад.
Дар ин давра, баробари баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, тавассути баргузор намудани чорабиниҳои зиёди фарҳангиву таърихии сатҳи байналмилалӣ ва нашри садҳо номгӯй асарҳои илмиву оммавӣ миллати тоҷик мероси тамаддуни худро ҳифз намуд.
Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд. Китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд.
Зикр намудан ҷоиз аст, ки мактаби бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, адлу инсоф, инсондӯстӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қобили омӯзиш ва таблиғу ташвиқи ҳамарӯза буда, ҳар яки мо бояд онро омӯзем ва донем.
Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир қотеъона масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд мебардоранд.
Бо дарназардошти ин хидматҳо мардуми миннатпазири Тоҷикистон фарзанди баруманди худ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сазовор донистаанд.
Нақши Президенти мамлакат дар ташаккул ва рушди мақомоти прокуратура бисёр бузург аст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шудааст.
29 январи соли 1994 бори аввал баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ карда шуд.
Дар давраҳои баъдина сохтори мақомоти прокуратура мунтазам такмил дода шуда, он бо шумораи зарурии кормандон, биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар шароитҳои корӣ пурра таъмин гардид.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши миёнаи кормандон беш аз 100 маротиба зиёд гардида, бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори Прокуратураи генералӣ раёсату шуъбаҳо ва 20 прокуратураҳои нав таъсис дода шуда, биноҳои маъмурии 60 прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид карда шудаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат 100 хонаи истиқоматӣ ба кормандони мақомот барои истифодабарии хизматӣ дода шуданд.
Танҳо дар давоми солҳои 2011-2021 ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникии мақомот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 млн. 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 44 автомашинаи хизматӣ, 3 автомашинаи криминалистӣ, ҷомадон ва дигар таҷҳизоти криминалистӣ, 100 адад компютер ва адабиёти ҳуқуқӣ харидорӣ карда шуданд.
Дар ин давра бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати шоён ва саҳми арзанда дар таҳкими конуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи кадрҳо ва тарғиби қонунгузорӣ 276 (солҳои 1991-2000 — 113, солҳои 2001-2010 — 108, ва солҳои 2011-2021 — 55) нафар кормандони мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Мақомоти прокуратура айни ҳол аз лиҳози ташкилӣ, моддӣ — техникӣ ва кадрӣ барои иҷро намудани вазифаҳои дар назди он гузошташуда ҳама имкониятҳоро доро мебошад.
Таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Прокуратураи генералӣ имрӯзҳо фаъолияти босамари худро идома дода, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат ҳиссаи сазовори худро гузошта истодаанд.
Кормандони мақомоти прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешрафт ва рушду нумуи боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон саҳми худро хоҳанд гузошт.
Боварӣ дорем, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи давлати Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин фарзанди баруманди миллат роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.
ДАР АКСИ БОЛО: Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти прокуратура, 13 марти соли 2018, шаҳри Душанбе. Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»