Маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад

Ноябрь 25, 2021 15:07

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.

Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар  деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 25, 2021 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид