Милитсияи тоҷик қодир аст аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷилавгирӣ намояд

Ноябрь 10, 2021 09:56

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон  Рӯзи милитсияи тоҷик  таҷлил мегардад. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр — Рӯзи милитсия эълон гардид.

Хабарнигори  АМИТ  «Ховар» бо дотсенти  калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Бахтиёр Самиъзода оид  ба дастоварди милитсияи тоҷик дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуд. Номбурда дар суҳбат чунин изҳори назар кард:

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик ба замоне рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тӯли 30 сол дар фазои орому осуда ва сулҳу суботи комил зиндагӣ менамоянд. Дар ин марҳилаи таърихӣ, бо талош ва ҷоннисориҳои пайвастаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми тоҷик дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунанд, ҷилавгирӣ намояд.

Милитсияи Тоҷикистон имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа корҳои муайяне, аз қабили амалҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия, ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан, табақаи созандаи ҷомеа-ҷавонон оид ба таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монад, ки албатта, дар ин ҷода сомонаи расмии ВКД, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», барномаи «Ахбори ВКД», «Набз» ва ғайра нақши муҳим доранд.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонеро дар таърихи муосири миллати тоҷик ҳувайдо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Ҳамин тавр бо таъсири омилҳои дохиливу хориҷӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ҷомеаи Тоҷикистон ба мухолифати тезутунд ва муноқишаи пурвусъат гирифтор шуд.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу сарнавиштсоз моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардида, заминаи асосиро барои бунёди давлатдории навин гузошт. Дар ин иҷлосия роҳбарии мамлакат ба дӯши фарзанди ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд. Дар ин марҳилаи басо мураккаб бо мақсади муътадил гардонидани вазъият дар ҷумҳурӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти фаврӣ-хизматии ҷузъу томҳои дохилӣ Вазорати корҳои дохилӣ диққати худро барои баррасии якчанд вазифаҳои муҳим равона сохт, аз ҷумла, тақвият додани фаъолият дар кори мубориза бо ҷинояткории муташаккил, андешидани тадбирҳои мушаххас дар пешгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки аз сабаби хусусигардонӣ, пайдоиши шаклҳои нави моликият ва муносибатҳои пулию молӣ сар мезаданд, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳалҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамкории қавӣ бо мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриҳои мустақил барои ҳалли чунин масъалаҳои муҳим дар ин раванди ҳассос аз ин ҷумла буданд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз мақомоте, ки сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ, фалаҷ будани мақомоти давлатӣ, набудани базаи моддӣ-техникӣ устувор истода, дар сафи пеши муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифт, мақомоти милитсияи тоҷик буд. Дар ин роҳ беш аз 2000 нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд, ки ҳоло номи онҳоро бо некӣ ба забон овардан барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мебошад.

Имрӯз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар бояд ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошад. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчӣ бештар андеша намуда, арзишҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: ВКД ҶТ

Ноябрь 10, 2021 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд