Муҳаммадюсуф Имомзода ва Такасака Мунео тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Ҷопон дар асоси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ мондааст. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео иброз гардид, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.
Зимни вохӯрӣ Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории ҷойдоштаи Вазорати маориф ва илм бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷопон диққати махсус дода, ҳавасманди ба сатҳи нав баровардани ин ҳамкорӣ мебошад.
«Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар марҳилаи гузариш давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниёз ба ҳамкории судманд бо давлатҳои аз лиҳози иқтисод, технология, маориф ва илм пешрафта доранд ва дар ин самт Ҷопон метавонад барои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳо, лоиҳаҳо саҳми арзанда»,-гуфт Вазири маориф ва илм.
Зикр шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Япония, аз қабили Донишгоҳи Акитаи Ҷопон, Донишгоҳи Чиба, Донишгоҳи Васеда ҳамкорӣ дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Ҷопон дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бурсияи MEXT (МЕКСТ)-и Ҳукумати Ҷопон ба муассисаҳои таълимии он кишвар фиристода шуда, айни ҳол, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон зиёда аз 50 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки айни ҳол дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шуда, аз соли 2002 то соли 2021 119 нафар донишҷӯ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони ҷопонӣ хатм намудаанд.
Соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Турсунзода ва Файзобод сохта, ба истифода дода шудаанд.
Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео зикр кард, ки аз ҷониби агентии мазкур барномаи омӯзишии «Ҷопоншиносӣ» таҳия шудааст, ки мақсади он паҳн намудани таҷрибаи рушди тараққиёти Ҷопон тавассути омӯзиши роҳбарони ояндаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ буда, ташаббускори барнома бевосита Президенти JICA Китаока Шиничи мебошад.
Таъкид гардид, ки айни ҳол барномаи мазкур бо номи «7 боби навсозии Ҷопон» дар 11 кишвари дунё амалӣ шуда, дар назар аст, ки дар 43 давлати дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.
Дар охир, ҷонибҳо вобаста ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои касбии Ҷопон ва дар факултетҳои забони ҷопонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани омӯзиши барномаи «Ҷопоншиносӣ» мубодилаи афкор намуда, таъкид доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд






