Муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Лаҳистон тақвият меёбанд

Ноябрь 21, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 21.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр нишасти соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон дар шакли видеоконференсия баргузор мегардад, ки барои густариши ин робитаҳо имконияти мусоид фароҳам хоҳад овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои зарфиятҳои бузурги энергияи  таҷдидшаванда унвон мегардад. Талу нишеманҳои мавҷуда ва мавҷудияти захираҳои об барои рушди иқтисоди сабз имконоти мусоидро фароҳам меорад. Мисоли аёнии ин гуфтаҳо дар ҳаҷми 93 фоиз истеҳсол гардидани барқ аз ҳисоби сарчашмаҳои гидроэнергетикӣ мебошад.

Самтҳои эҳтимолии ҳамкории Тоҷикистону Лаҳистон бахши кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти текстил, инчунин соҳаи энергетика бо инобати энергияи таҷдидшаванда ва сайёҳӣ буда метавонанд. Лоиҳаҳои  муштарак бо ҷалби муассисаҳои байналмилалии молиявӣ низ имкони дигари роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо буда метавонанд.

Ҳамоиши доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон ва иштироки бевоситаи Палатаҳои савдо ва саноати Лаҳистону Тоҷикистон сурат мегирад, бо инобати муқаррароти пандемиявӣ дар сиғаи маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ҷараёни форум ҷонибҳо метавонанд бо хусусиятҳои хоси иқтисоди Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ, механизмҳои мавҷуда ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ шинос шаванд. Қарор аст, ҳамчунин абзорҳои иловагии таҳкими ҳамкорӣ ва имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак низ баррасӣ гарданд. Форуми мазкур барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, инчунин барои бизнес-форуми ҳузурии доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Лаҳистон, ки  баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, заминаҳои бунёдӣ ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади татбиқи марҳилаҳои асосии стратегияи миллӣ оид ба саноатикунонии босуръат, Тоҷикистон тасмим дорад сармоя ва технологияҳои кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Лаҳистонро барои коркарди маҳсулоти ватанӣ ва захираҳои табиӣ ҷалб ва ворид намояд.

Пас аз дохил шудани Тоҷикистон ба низоми GPS+ кишвар имконияти васеъгардонии содироти маҳсулот ва моли худ ба Лаҳистон ва дигар кишварҳои ИА-ро хоҳад дошт.

Тибқи омори ҷониби Лаҳистон, соли 2020 ҳаҷми содирот ба Тоҷикистон 17,4 миллион доллари ИМА ва воридот ҳамагӣ 1,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки имкониятҳои воқеии кишварҳоро инъикос намекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад