Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд

Июль 16, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро  муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Шарифзода ва Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саад бин Султон Ал Мурайхӣ роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона байни Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дипломатии ду давлат дар асоси эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, дар тамоми соҳаҳо барои густариши ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Баррасии роҳҳои ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба соҳаҳои инфрасохтор ва энергетика мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

Ҷонибҳо масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро низ муҳокима намуданд. Таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва об, инчунин таҳкими ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳо буданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд