Муовини Вазири адлия Шараф Каримзода: Конститутсияи Тоҷикистон таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯза ва арсаи байналмилалист

Ноябрь 6, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати асосии сиёсиву ҳуқуқӣ фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, заминаи муайянкунандаи рушди минбаъда ва манбаи асосии ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи  мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.  Дар остонаи 27-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар   хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН  бо муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф КАРИМЗОДА  суҳбат намуд.

Дар зер муҳтавои суҳбат манзур мешавад.

-Сарфи назар аз он ки меъёрҳои Конститутсия дар шакли умумӣ ва содаву оммафаҳм баён мегарданд, дар асл зери ҳар тавсияи он ҷамъбасти мантиқию касбии тамоми дастоварду арзишҳои умумибашарӣ, андешаву ормонҳои миллӣ, таҷассуми равандҳои гуногуни таърихӣ, хусусиятҳои ташаккули давлату миллат ва аркони давлату давлатдорӣ ифода ёфтааст. Ба ибораи дигар, зери ҳар ҳарфи Конститутсия маънои амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, таърихию фарҳангӣ нуҳуфтааст. Конститутсия- ин ганҷинаи нотакрору нотамоми ҳуқуқӣ, шиносномаи давлат ва ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Бахтномаи миллат» мебошад.

Маҳз ҳамин омилу ҷанбаҳои мураккаб буданд, ки таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати тӯлониро талаб намуд. Ҳанӯз дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пешбинӣ шуда буд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 1990 комиссияи дахлор таъсис дода, дар назди он масъалаи таҳияи Конститутсияро гузошта буд. 3 январ ва 22 апрели соли 1992 ба ҳайати он тағйирот ворид гардид. Вале вобаста ба лоиҳаҳои таҳияшуда иттифоқи оро ҳосил намешуд. На танҳо дар байни халқ ва ё намояндагони халқ, балки дар доираи худи комиссия мавқеи ягона ҷой надошт. Охири моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуот нашр гардид. Вазъи бавуҷудомадаро ба эътибор гирифта, тибқи қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳа то 1 январи соли 1992 дароз карда шуда буд. Аммо бинобар оғоз гаштани низои байни тоҷикон раванди ислоҳоти конститутсионӣ ба таъхир афтод.

Таҳияи Конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Ин марҳилаи сеюми таҳияи Конститутсия барои халқу давлати мо сарнавиштсоз буд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи барқароргардии давлати Тоҷикистон нақши бузург бозидааст. Дар ин иҷлосия қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷуҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он комиссияи нави конститутсионӣ таъсис ёфт. Бо қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ аз 25 июни соли 1993 дар ҳайати комиссияи мавҷудаи конститутсионӣ тағйирот ворид шуд. Раиси комиссия Эмомалӣ Раҳмон он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Баъд аз ин амал кори комиссия ҷоннок гардида, лоиҳаи Конститутсия аз нав таҳия шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамон лаҳзаҳои аввал шакли идоракунии давлатӣ ва реҷаи сиёсии онро ба таври дақиқ муайян карда буданд. Дар муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда буданд, ки барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Иҷлоисияи бистуми Шӯрои Олии ҶТ муҳлати раъйпурсиро 6 ноябри соли 1994 муқаррар намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа, дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ табиист, ки тағйир меёбад, ба он меъёрҳои ҷавобгӯи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ илова мешаванд. Тағйиру иловаҳои Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ҷой дорад.

Бо мақсади такмили низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисоди озод ва соҳибкорӣ ва бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, ки дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири ҷумҳурӣ ифода меёбад, ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Мазмуну муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, коршиносони байналмилалӣ ба он баҳои баланд додаанд.

Дар таҷрибаи давлатҳои гуногун бо рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ зарурат пеш меояд, ки қонунгузорӣ низ мувофиқан тағйир ёбад. Вақте ки ислоҳоти куллӣ ба вуҷуд меояд, пеш аз ҳама, ба худи Конститутсия ҳамчун санади асосии давлат тағйирот ворид карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият дар як муддати кӯтоҳ тавонист ки ба дастовардҳои беназир соҳиб гардад. Дар баробари ин баъзе омилҳои манфӣ низ буданд, аз қабили ҷанги шаҳрвандӣ, зарар ба иқтисодиёти кишвар ва ғайра.

Аввалин маротиба соли 1999 дар натиҷаи муколамаи сиёсӣ зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад. Агар аз лиҳози шумораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, нисбат ба дигар конститутсияҳои давлатҳои пасошӯравӣ ва ҳатто давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Конститутсияи мо нисбатан устувор буда, аз ҳама камтар ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шудааст. Дар таҷрибаи дигар давлатҳо баръакс зуд-зуд тағйирот ворид мешавад, вале  дар тавофут аз онҳо Конститутсияи мо ду хусусият дорад. Хусусияти чандирӣ ва ҳам устуворӣ. Хусусияти чандирӣ дар он аст, ки бо хусусияти тағйир ёфтани авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқии кишвар вобаста ба ҳамон шароит мутобиқ карда шудааст. Дар баробари ин аз ҳама кам ба матни Конститутсияи мо тағйирот ворид шудааст, ки ин боиси баҳои баланд додани коршиносони байналмилалӣ ба устувории Конститутсияи ҶТ гардидааст.Соли 1999 дар натиҷаи муколама зарурати сиёсӣ пеш омада буд, ки баъзе ислоҳот дар Конститутсия пешбинӣ карда шаванд. Яке аз дастовардҳое, ки соли 1999 ба Конститутсия ворид шуд, ин пешбинӣ намудани парламенти доимамалкунанда мебошад. То он дам парламенти кишвар шабеҳи парламенти замони Шӯравӣ, яъне даъватӣ буда, ба таври касбӣ вакилон ба ин кор машғул набуданд, ки ин ба сифати кори онҳо таъсири манфӣ дошт. Соли 1999 аввалин маротиба парламент парламенти касбӣ ва аз ду палата иборат гашт. Палатаи поёнӣ- Маҷлиси намояндагон ва палатаи болоӣ- Маҷлиси миллӣ. Хусусияти дигари Маҷлиси миллӣ дар он аст, ки бо принсипи намояндагӣ аз тамоми минтақаҳо таъсис ёфтааст.

Дастоварди дигар дар Конститутсияи соли 1999 он аст, ки аввалин маротиба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври мукаммал тасҳеҳ шуда, пурратар пешбинӣ шуданд. То он дам агар ки мо нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд диққати ҷиддӣ намедодем, пас дар ин тағйиру иловаҳо аллакай кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нисбатан мукаммал шуданд. Аз ҷумла, ислоҳоти куллӣ дар низоми судии кишвар пешбинӣ гардид. Ҳамаи ин тағйирот дар маҷмуъ тавонистанд, ки то як дараҷа мушкилоти дар ҷомеа ба вуҷуд омадаро ҳал намоянд. Баъд аз он бо рушди ҷомеа зарурат пеш омад, ки соли 2003 низ тағйироти навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ворид карда шаванд. Азбаски ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия устувор гардонида шуда буданд, зарурат пеш омад, ки онҳо ҳамчун арзиши олӣ эътироф гарданд. Дар тағйироти дувум дар Конститутсия аллакай эълон гардид, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Агар аз лиҳози рушди таърихии эътирофи ҳуқуқии инсон назар афканем, ин дастоварди бузурги башарият аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эълон кунанд.

Бо мақсади таъмини устувории низои судӣ аввалин маротиба муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол то 10 сол тамдид шуд. Тавре медонем, судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман интихобӣ ва қисман таъйинӣ мебошанд, азбаски фаъолияти судягӣ фаъолиятест, ки бевосита ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст, зарурат ҷой дошт, то устувории фаъолияти судяҳо низ таъмин гардад. Маҳз ба ин хотир аввалин маротиба пешбинӣ шуд, ки муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол то 10 сол дароз карда шавад. Инчунин чандин тағйиру иловаҳои дигар вобаста ба вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, вазъи ҳуқуқии Президент, дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Охирон тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид гардид, дар ин самт боз ба пешравиҳои бештар асос гузошт.

Дигар масъалаи муҳим- ин устувор намудани гуногунандешии сиёсӣ дар сатҳи конститутсионӣ мебошад. Тавре медонем, дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвар дар асоси равияҳои гуногуни мафкуравӣ рушд мекунад. Яъне, дар мо ягон мафкура ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва ҳеҷ ҳизбу ҳаракат наметавонад мафкураи худро маҷбурӣ ба он ҳамл намояд. Соли 1999 дар натиҷаи Созиши миллие, ки соли 1997 баста шуда буд, ба Конститутсия тағйирот ворид шуда, дар онҷо пешбинӣ гардид, ки шаҳрвандон метавонанд ҳизбҳои атеистӣ ва дорои хислати динӣ таъсис намоянд. Албатта, дар он марҳилаи таърихӣ зарурат ба ин меъёр ҷой дошт, чунки яке аз шартҳои ваҳдатӣ миллӣ ин гуна буд. Маҳз ба ин хотир ба Конститутсияи соли 1999 ин гуна тағйирот ворид шуда буд. Вале соли 2016 аллакай ҷомеа дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ рушд карда истода буду мо бояд дигар таҷрибаи ҷаҳониро қабул мекардем. Мебояд тибқи санадҳои байналмилалӣ дар ин самт иқдом пеша мекардем, ки маҳз ба ин хотир яке аз нуктаҳои воридшуда ба Конститутсия он буд, ки минбаъд таъсиси ҳизбу ҳаракатҳое, ки хислати динӣ, аз ҷумла хислати атеистӣ доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Чунин маҳдудият хоси кишвари мо нест, дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ махсус дар конститутсияҳояшон зикр шудааст, ки таъсиси ҳизбҳо, ҳаракатҳое, ки хислати динӣ, атеистӣ доранд, манъ аст. Яъне барои он ки мо ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ бунёд созем, бояд дар он гуногунандешӣ ҷой дошта бошад. Вақте ки ҳизбу ҳаракати муайян, дини муайянро талқин мекунанд, мехоҳанд, ки ақидаи худро ба ҳайси мафкураи давлатӣ истифода баранд, албатта, ин бар зарари қишри боқимондаи ҷомеа аст. Маҳз ба ин хотир ин тағйирот ба моддаи 8 ва 28-и Конститутсияи Тоҷикистон ворид гардида, маҳдудият пешбинӣ карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият