Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир (Англия) мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба таври онлайн иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иброз намуд, ки мулоқоти имрӯза дар чаҳорчӯби Конференсияи 26-уми нав анҷомёфтаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба уҳдадориҳои Созишномаи Париж роҷеъ ба амалиёти иқлим босуръат ҷараён дорад. Ин падида нишон медиҳад, ки ҳамаи мо то чӣ андоза нигарони тағйирёбии иқлим ҳастем,-гуфт ӯ ва идома дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафҳо ва масъулияти ҳифзи иқлимро ҷонибдорӣ менамояд.
Итминони комил дорем, ки Созишномаи Париж бояд василаи асосие гардад, ки саъю кӯшишҳои кишварҳоро дар мубориза бо сабабҳои тағйирёбии иқлим муттаҳид созад ва афзоиши партовҳои газҳои гулхонаиро ҷилавгирӣ кунад.
-Кишвари мо мавқеи миллии худро дар посух ба муроҷиати СММ оид ба муқаррароти Созишномаи Париж, роҷеъ ба нигоҳ доштани ҳарорати миёнаи сайёра изҳор намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Сарфи назар аз он ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера дар миқёси ҷаҳонӣ ночиз аст, бо вуҷуди ин кишвари мо аз ҷиҳати тағйирёбии иқлим яке аз осебпазиртарин кишварҳо ба шумор меравад. Имрӯз бахшҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим дучор омадаанд.
Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки мушоҳидаҳои тӯлонӣ аз афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
Тибқи ин мушоҳидаҳо, дар тӯли шаст соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа боло рафта, басомад ва шиддати ҳодисаҳои табиии обуҳавошиносӣ афзоиш ёфтааст.
Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон ҳаводиси табиӣ дар шакли обхезӣ, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои худро оид ба маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ пурра иҷро мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар таҳким ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас оид ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба захираҳои об саҳми арзанда доранд. Дар доираи Стратегияи ислоҳоти системаи давлатии хоҷагии об ва Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба зиёда аз 30 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи арзёбии таъсири муҳити зист», «Дар бораи партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки истифодаи иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои минтақа бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди «иқтисоди сабз» метавонад дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми ҷиддӣ гузорад.
Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати идомаи ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, ноил шудан ба бетарафии карбон ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ самимона манфиатдор аст.
Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони парлумонҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
АКС аз бойгонии АМИТ “Ховар”








Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаҳои доимии Ассамблеяи СААД ба таври маҷозӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад
Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, -бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд






