Нархи роҳкирои воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар Душанбе баланд шуд

Ноябрь 10, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 10.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз  ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1 сомонию 80 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонию 50 дирам, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1 сомонию 50 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонӣ, микроавтобусҳо 2 сомонию 50 дирам ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3  сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тағйирёбии ҳаққи роҳкиро дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва  муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ, ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» муққаррар гардидааст.

Тавре мудири шуъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи  Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Мансур Раҳмонов иброз дошт, мақсад аз  баланд намудани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ мебошад.

Ба иттилои мавсуф, арзиши тарофаҳои нимсола тибқи категорияҳо барои хонанда 220 сомонӣ, донишҷӯ- 300 сомонӣ ва шаҳрванд- 450 сомонӣ муқаррар гардидааст. Тарофаи солонаи хонанда 300 сомонӣ, донишҷӯ 520 сомонӣ ва шаҳрванд 750 сомонӣ муайян шудааст.

«Инчунин дар ҳолати аз ҷониби мусофирон ба маблағи 90 сомонӣ ва зиёда аз он пардохт намудани маблағ ба корти пластикии нақлиётӣ дар автобус ва тролейбусҳо барои донишҷӯ 30 фоиз ва барои дигар мусофирон 15 фоиз тахфиф пешниҳод карда мешавад»,- иброз дошт Мансур Раҳмонов.

Ба зикри мавсуф, давоми 3 соли охир парки корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳри Душанбе бо харидории автобусу троллейбусҳои муосир пурра навсозӣ гардида, дар заминаи ин ивазкунии баъзе хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ ба роҳ монда шуд.

Номбурда яке аз сабабҳои баланд гардидани ҳаққи роҳкиро дар мамлакат  ба болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт дод.

Дар даҳ соли охир арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110 фоиз, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110 фоиз, қувваи барқ 300 фоиз, нархи воситаҳои нақлиёт, инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст.

«Ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имконияти ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале ин басанда набуда, зарурати тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омад»,- гуфт мутахассиси соҳа.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳоло дар ҷаҳон буҳрони энергетикӣ сар задааст, ки омилҳои зиёд дорад. Натиҷаи он имрӯз дар Тоҷикистон низ баръало эҳсос мешавад: нархи сӯзишворӣ ба таври бесобиқа боло рафта, бори аввал қимати газ ба бензин баробар шудааст.

Ба иттилои Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли 2021  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  449 174,4 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 246 234,6  тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 143 613 291 доллари ИМА бо нархи миёнаи 583 доллари ИМА барои як тонна, 184 686,3 тонна бензин ба маблағи 113 817 208 доллари ИМА бо нархи миёнаи 616 доллари ИМА барои як тонна, 10 057,6 тонна равғанҳои молиданӣ ба маблағи 13 890 723 доллари ИМА бо нархи миёнаи 1 381 доллари ИМА барои як тонна, 8 109,3 тонна сӯзишвории реактивӣ ба маблағи 6 333 681 доллари ИМА бо нархи миёнаи 781 доллари ИМА барои як тонна ва 86,6 тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 267 594 доллари ИМА ворид карда шудааст, ки  маблағи умумии онҳо дар маҷмӯъ 277 миллиону  922 ҳазору  497 доллари ИМА – ро ташкил менамояд.

Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ ва пешгирӣ намудани болоравии беасоси нархи маводи  сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги бозор гузаронида, ба ҳолати рақобат дар он баҳо мегузорад.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рафти мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ нишон дод, ки аз аввали соли 2021 афзоиши нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, ба ҳолати 14 октябри соли равон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи фурӯши чаканаи 1 литр бензини навъи «АИ- 95» аз 10,80  то 11,10 сомонӣ, бензини навъи «АИ-92» аз 10,20 то 10,50 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ аз 9,20 то 9,60 сомонӣ ва гази моеъ аз 7,30 то 7,50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Тибқи маълумоти шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои  ахбори омма, тамоюли баландшавии нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар кишварҳои истеҳсол ва содиркунанда, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо мушоҳида карда мешавад.

Инчунин аз дигар давлатҳои хориҷи дур ба миқдори 6 923 тонна ба маблағи 8 889 846 доллари ИМА бо нархи миёнаи 1284 доллари ИМА ворид карда шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид