Нисбат ба 50 нафар ҷавонон барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуданд

Ноябрь 29, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба 50 нафар шаҳрвандоне, ки аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор гирифтаанд. Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ухдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ду маротиба маъракаи даъвати шаҳрвандони синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шуда, ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.

Имрӯзҳо маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ идома дошта, аксарияти ҷавонони кишвар ихтиёрӣ ба комисариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои иҷрои ин вазифаи муқаддас ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ сафарбар шуда истодаанд.

Мутаассифона, имрӯз нафароне ҳастанд, ки арзишҳои миллиро сарфи назар карда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу ватан иҷро наменамоянд, ки ин кирдори онҳо оқибати ҳуқуқӣ ба миён меорад. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус модда барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (м. 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар шудааст, ки мувофиқи он барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Aммo новобаста аз ин баъзе шаҳрвандони синни даъватӣ аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд ё бо ин мақсад ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Тибқи маълумоти комиссариатҳои ҳарбӣ, дар давраи даъвати баҳории соли 2021 дар ҷумҳурӣ 2427 нафар даъватшавандагоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, ба қайд гирифта шуда, бо роҳҳои фаҳмондадиҳии талаботи қонунҳои амалкунанда дар мавриди даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ сафарбар карда шуданд. Вале ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки даъватшавандагон аз комиссияҳои тиббӣ ва даъватӣ гузаронида шуда, барои сафарбар намудани онҳо ба маҳалли хизмат ба онҳо даъватнома дода мешавад, аммо ин даъватшавандагон дар вақти муайяншуда ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир нашуда, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд ва бо ин кирдорашон ҷиноят содир мекунанд.

Дар ин давра аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба 50 нафар шаҳрвандоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор гирифтаанд. Масалан, шаҳрванд Турдибоев П. А. 18 марти соли 2021 аз комиссияи даъватии ноҳияи Мастчоҳ гузашта, барои адои хизмати ҳарбӣ муносиб дониста шуда, барои 1 апрели соли 2021 ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбии ноҳия ба ӯ даъватнома дода шудааст. Аммо номбурда бо мақсади саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бе асосҳои қонунӣ барои аз хизмат озод шудан дар вақти муайяншуда ҳозир нашудааст. Нисбат ба Турдибоев П.А. бо моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суд нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст. Ба ҳамин монанд нисбат ба истиқоматкунандагони шаҳри Истаравшан Ҷураев И. Ю., Холиқов С. А., ноҳияи Деваштич Ҳакимзода Б. Ҳ. ва дигарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Зикр карда шуд, ки қисми 2-юми моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ ва қисми 3-и ин модда саркаширо аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳҳои ба худ расонидани зарар ба саломатӣ, бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар муқаррар кардааст.

Дар ин ҷо як нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки мувофиқи эзоҳи моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон агар даъватшаванда то ба суд супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд