НОЛАИ ТАНБӮР АЗ БАҲРИ ЧИСТ? Маҷаллаи британии «Calvert Journal» дар бораи филми «Оҳангҳои даврони рафта»-и коргардони тоҷик Аниса Собирӣ матлаб навиштааст

Ноябрь 5, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, филми мустанади шоир ва коргардони тоҷик Аниса Собирӣ «Оҳангҳои даврони рафта» («Rhythms of Lost Time») дар Фестивали байналмилалии «Calvert Journal» ҷоизаи маҳбубтарин филм аз нигоҳи тамошобинонро ба даст овард. Фестивали мазкур аз 18 то 31 октябр тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он 35 филм аз давлатҳои Аврупои шарқӣ, Балкан, Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ намоиш дода шуданд. Барои ғолибон 6 ҷоиза муқаррар шуда буд, ки яке аз онҳо насиби коргардони тоҷик Аниса Собирӣ гардид.

Маҷаллаи интернетии британии «The Calvert Journal», ки дар Лондон мустақар буда, соли 2013 аз ҷониби Бунёди «Калверт 22» (Calvert 22 Foundation) ба манзури омӯзиши фарҳанги ба истилоҳ Шарқи Нав (Аврупои Шарқӣ, Балкан, Русия ва Осиёи Марказӣ) ба фаъолият оғоз кардааст, дар бораи филми коргардони тоҷик мавод навиштааст.

Тавре маҷаллаи мазкур менависад, филми «Оҳангҳои даврони рафта» 45 дақиқа буда, муҳтавои он дар барои мусиқиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мебошад. Дар Бадахшон мусиқӣ бо зиндагии мардум тавъам буда, аз таваллуд то марг бо онҳост.

«Филм мусиқии суннатии тоҷикро дар ҳаёти Бадахшон, аз ҷумла дар расму оинҳои асосии мардуми минтақа нишон медиҳад. Филм натоиҷи ҳифзи фарҳанги ғанӣ, сабти намоишҳои муосири ин ойинҳои мусиқии бостониро дар саросари Бадахшон ба таври равшан тасвир кардааст. Филми мустанаде, ки нақл ва мусоҳибаро бо тасвирҳои ҷолиби рангоранг ва манзараҳои пурмазмун ба таври ҳунарӣ муттаҳид мекунад, нишон медиҳад, ки чӣ гуна мусиқӣ дар реҷаҳои ҳаррӯзаи кишоварзии деҳқонон мавҷуд аст ва дар марҳилаҳои муҳими ҳаёт, аз қабили тӯйҳо ва маросими дафн ҳамчун ҷузъи марказӣ хизмат мекунад», — навиштааст муаллифи матлаб.


Ба гуфтаи муаллиф, Собирӣ дар изҳороти коргардонии худ таъкид мекунад, ки мусиқӣ бо зиндагӣ пайванд ва бо марг ногузир аст — тавре дар асбоби тории маҳаллӣ — танбӯри Бадахшон таҷассум ёфтааст. «Ҳар дафъае, ки ман ба назди ҳунармандони анъанавӣ мерафтам, таҷрибаи онҳо дар ман садои амиқеро ба вуҷуд меовард, — мегӯяд Собирӣ. — Махсусан мусиқии танбӯр маро ба худ ҷалб кард. Аз як навозандаи маҳаллӣ пурсидам, ки чаро садои он ба ман ин қадар таъсир кардааст, ӯ гуфт, ки ин танҳо як асбоби мусиқӣ нест, балки ҳадафи он кумак кардан аст, ки рӯҳ пас аз марг аз ҷисм ҷудо шавад ва танбӯр аз ин нола мекунад».

Муаллиф зикр менамояд, ки танбӯр дар вақти маддо — маросими мусиқие, ки дар маросими дафн иҷро мешавад, ҷойгоҳи хос дорад.

 

АКСҲО: www.calvertjournal.com

Ноябрь 5, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад