Панҷ нафар корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо медали ҷашнии 20-солагии СҲШ сарфароз гардонида шуданд

Ноябрь 17, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар раванди рушди Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ панҷ нафар корманди Бонки миллии Тоҷикистон — муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода, директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ Алиҷон Салимов, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Зуҳро Ҳалимова, сардори шуъбаи матбуот Мавҷуда Ҳасанова ва сардори Хадамоти ташрифоти дастгоҳи роҳбарияти БМТ Дилшод Ҳавлоев бо медали ҷашнии 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай  сарфароз гардонида шуданд.

Аз БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки медали ҷашнии 20-солагии СҲШ-ро дар ҷаласаи тантанавӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода  ба кормандони БМТ супорид.

Мавриди зикр аст, ки 17 сентябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-умин нишасти ҷашнии сарони Шӯрои давлатҳои узви СҲШ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат раисии раёсати СҲШ-ро  ба уҳда дошт, таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шудани чорабинии бонуфуз ва саҳм гузоштан дар рушди СҲШ роҳбарон ва кормандони якчанд вазорату идораҳо бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори котиботи генералии СҲШ бо медали 20-солагии СҲШ сарфароз гардиданд.

   АКСҲО: БМТ

Ноябрь 17, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1232 сомонӣ муқаррар шудааст
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст