Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

Ноябрь 28, 2021 12:17

ДУШАНБЕ, 28.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бори дигар самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самт бомуваффақият инкишоф меёбанд ва Тоҷикистон сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо Узбекистон қадр мекунад.

Зимни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардида, дурнамои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи онҳо дар руҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ шуданд.

Аз ҷараёни рушди пайвастаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод истифодаи имкониятҳо, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаи ояндадори таъсиси Ширкати сармоягузориии Тоҷикистону Узбекистон ва корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ зарур аст.

Барои таъмиқи ҳар чи бештари муносибатҳо ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, нақлиёти роҳи оҳан, робитаҳои байниминтақавӣ, рақамикунонии иқтисодиёти кишварҳо ва густариши ҳамкории доираҳои илмию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Сарони давлатҳо зимни суҳбати самимӣ ва созанда ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон омода аст, бо фароҳам овардани имконоти логистикии худ, барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мусоидат намояд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 28.11.2021

Ноябрь 28, 2021 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон