Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ҷаласа доир намуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва бо иштироки Раиси Суди шаҳри Душанбе ҷаласа доир намуд. Дар ҷаласа масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда аз рӯи ҳодисаи ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани шаҳрванд Мадина Мамадҷонова баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Прокурори шаҳр гузориш дод, ки дар асоси дастури Раиси шаҳр корҳои муайяне анҷом дода шуда, айни замон нисбати Азиза Давлятова ва Лутфулло Давлятов бо аломатҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон барои содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудаанд.
Раиси шаҳр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони сохторҳо ва мақомоти судӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ зимни татбиқи қонунҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ корбарии ҷиддӣ намоянд.
Дар охир роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф гардиданд, ки барои тафтиши ҳаматарафаю шаффофи парвандаи ҷиноятӣ тадбир андешанд.

АКС аз сомонаи МИҲД-и шаҳри Душанбе








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






