РАМЗИ ШАРАФ ВА ОЗОДӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки парчам барои ҳар миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад, аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд ва ҳамасола 24 ноябр ин рӯзи таърихиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд.
-Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатии тоҷикон бо талошҳои пайваста ва кору пайкори абармарди нотакрор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии якдилонаи вакилони мардумӣ пазируфта шуда, баъдан 12 майи соли 2007 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчам муқаррар ва ниҳоят 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки он ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, -афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Мавсуф иброз дошт, ки «парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад. «Беҳуда нест, ки ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, шараф, нангу номус, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро сарбаландона ҳимоя кардаанд».
Яъне Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Ҳар давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ муаррифи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим роҷеъ ба мавзӯи «Парчами давлатӣ-мӯҳтавои истиқлолияти давлатӣ», вакилони Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи ватандорӣ», Файзулло Наҷмиддиниён дар мавзӯи «Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем» ва Абдуҳалим Ғаффорзода дар мавзӯи «Парчам- таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол аст» маърӯза намуданд.
АКСҲО: МН МО ҶТ








Ҷаласаи доимии комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳамкории байналимилалӣ доир шуд
Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуданд
Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Беларус Наталя Кочанова ба Тоҷикистон омад
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе омад
Имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз мегарданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Чин ба тасвиб расид
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад






