Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои дарёфти беҳтарин навор ва расм озмун эълон намудааст
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин озмуни соҳавиро роҳандозӣ менамояд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Барои иштирок дар озмуни мазкур шумо метавонед дилхоҳ кирдори зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҳодисаҳои ҷиноятӣ, аз қабили муноқиша, бетартибӣ, озори лафзӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдориро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграм бо навиштаҷоти «Барои озмун» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
Махфӣ будани шахсияти иштирокчиёни озмун кафолат дода шуда, барои ғолибони 3 ҷойи ифтихорӣ маблағи пулӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:
– барои ҷои аввал 5 ҳазор сомонӣ;
– барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ;
– барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ.
Ҳамаи маводи ба озмун пешниҳодгардида аз ҷониби Комиссияи босалоҳият мавриди таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дода шуда, ба маводе (навору расме) бартарӣ дода мешавад, ки хусусияти пешгирикунанда ва ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дошта бошанд.
Муҳлати қабули мавод барои озмун то 25 декабри соли 2021 муқаррар карда шуда, ғолибон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар мукофот қадршиносӣ карда мешаванд.
Эзоҳ: эълони ғолибони озмун тариқи ВАО танҳо бо хоҳиши худи онҳо амалӣ карда мешавад.
АКС: дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






