Роҳбари СУТ даъват намуд, ки созишномаи байналмилалӣ барои дар оянда коҳиш додани пандемия мувофиқа карда шавад
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус даъват ба амал овард, то ҳарчӣ зудтар созишномаи байналмилалӣ оид ба пешгирии пандемия дар оянда мувофиқа карда шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Deutsche Welle.
«Ҳамаи ин боз такрор хоҳад шуд, агар шумо намояндагони тамоми кишварҳо, муттаҳид нашавед ва бо як овоз нагӯед: «Дигар ҳаргиз!»,-гуфт Гебрейесус оид ба вазъи пандемияи коронавируси SARS-CoV-2, ҳангоми суханронӣ дар расми кушодашавии ҷаласаи Ассамблеяи байналмилалии тандурустӣ дар Женева 29 ноябр.
«Вақти он расидааст, ки ин пандемияро паси сар намоем»,-зикр намуд роҳбари СУТ, ки ӯро агентии иттилоотии AFP иқтибос намудааст. Ба гуфтаи ӯ, пайдоиши намунаи нави коронавирус- «омикрон» гувоҳи он аст, ки ҳанӯз ҳам пандемия ба анҷом нарасидааст. «Маҳз барои ҳамин барои ҷаҳон созишномаи нав зарур аст»,-мегӯяд ӯ.
Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мақоми олии тасмимгирандаи СУТ мебошад, ки ҳамаи 194 кишвари узви ин созмонро дар бар мегирад. Ҷаласаи навбатӣ дуюмин вохӯрии созмон вобаста ба ин мавзӯъ мебошад. Қабл аз ин рӯзи якшанбе созишномаи ғайрирасмӣ дар бораи қабули як санади байналмилалӣ барои пешгирӣ ва беҳтар мубориза бурдан бо пандемия қабул гардида буд. Давоми се рӯзи музокирот аъзои СУТ бояд ин лоиҳаро расман тасдиқ намоянд.
Бино ба матни лоиҳаи мазкур, дар нақша аст, ки «мақомоти байниҳукуматӣ» таъсис шуда, уҳдадор карда шавад, ки «конвенсия, созишнома ё дигар санади байналмилалии СУТ оид ба пешгирӣ, омодагӣ ва қабули чораҳо ҷиҳати бартарафсозии пандемия»-ро таҳия ва мувофиқа созад. Интизор меравад, ки гузориши фосилавӣ дар Ассамблеяи солонаи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки моҳи майи соли 2023 доир мешавад, омода мегардад. Натиҷаи ниҳоии кор бояд моҳи майи соли 2024 барои баррасӣ пешниҳод карда шавад.
АКС: FABRICE COFFRINI/AFP via Getty