САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ — САДОҚАТ БА МИЛЛАТ. Дар Маҷлиси намояндагон доир ба ин мавзӯъ ҳамоиш баргузор гардид

Ноябрь 16, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат аст» ҳамоиш баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки «дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти асрҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди эътироф ва ифтихору арҷгузорӣ қарор мегиранд.

Чунин шахсият дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки дар бораи фаъолияту маҳорати давлатдорияшон  асарҳои пурмуҳтавои мондагор, китобу сарводаҳои бешумор ва филмҳои ҷолибу сазовори зиёде пешкаш гардидаанд.

Гарчанде доир ба ҳаёту фаъолияти он кас навиштаву наворҳои бешуморе рӯи кор омада бошанд ҳам, дар асл Президенти мамлакати мо ниёз ба муаррифӣ надоранд, зеро шахсияте мебошанд, ки бо дили бузургу иродаи оҳанин ва истеъдоди фавқулодаи роҳбарию фаъолияти пурсамарашон соҳиби эътирофи сиёсатмадорони сатҳи олии мамолики олам ва эҳтирому ифтихори тамоми тоҷикистониёну тоҷиктаборони дунё гардидаанд».

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин изҳор намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнҳои гуногуни миллӣ бо барномаҳои фарҳангию сиёсӣ, ки муаррифи ғановати бузурги маънавӣ, анъана ва суннатҳои куҳанбунёди мардуми мо мебошанд, дар сатҳу сифати шоиста баргузор мегарданд ва мардум онҳоро бо шодию сурур ва дилгармию ифтихормандиҳо истиқбол мегиранд.

Ҷаҳду талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии орому осудаи мардум аст, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ рушд карда, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон нақши бунёдгузорӣ доранд.

Хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар раванди тағйироти муосири бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла рушди босуботи иқтисодӣ, бунёди неругоҳҳои барқӣ, ҳалли проблемаҳои коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷорӣ намудани сиёсати афзалиятноки давлатӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо таҳти Сарварии  Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Аз ҳама муҳимаш Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, рукнҳои дигари давлатдории худ, аз ҷумла артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро аз сифр оғоз карда, рушди устувору бесобиқаи онро таъмин намуд.

Илова бар ин, Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ барқарор намуд.

Инчунин асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Дар баробари ин, Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони мардуми тоҷик саҳми барҷаста гузошта, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса доранд, ки на танҳо боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон, балки муҷиби ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.

Маҳз самараи талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистони навин дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.

Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддӣ дар масири рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дастуру ҳидоятҳои ин абармарди нотакрор ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хизмат хоҳад кард.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ роҷеъ ба мавзӯи «Нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ»,   раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод роҷеъ ба мавзӯи «Ниҳоди Президентӣ дар ташаккули давлати соҳибистиқлол», раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода роҷеъ ба мавзӯи «Пешвои миллат –бунёдгузори давлатдории таърихи навини тоҷикон» ва вакилони Маҷлиси намояндагон  Солеҳа Холмаҳмадзода роҷеъ ба мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ», Ҳуснигул Одиназода ва Музаффарҷон Маҳмудзода  маърӯза намуданд.

Дар китобхонаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои «Чеҳраҳои мондагор», «Забон- ҳастии миллат», «Соле, ки ба қарнҳо баробар аст», «Ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар рушди давлати соҳибистиқлол» баргузор гардид.

АКСҲО: МН МО ҶТ

Ноябрь 16, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Қарори КМИР дар бораи таъсиси ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот манзур мегардад
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд
Минбаъд 11 январ Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ таҷлил мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод намуд
41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ якчанд лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок доранд