Се шоири тоҷик дар Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 тариқи онлайн иштирок мекунанд

Ноябрь 3, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11-14 ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия Фестивали 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 баргузор мегардад, дар он се шоири тоҷик — ҳамраиси Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳори Қосим, шоирони  шинохта Хосият Вализода ва Шоираи Раҳимҷон аз Тоҷикистон тариқи онлайн иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Дар қисмати ниҳоии фестивал 500 нафар шоир аз 69 кишвар — Туркия, Озарбойҷон, Амрико, Русия, Белгия дар Истанбул иштирок мекунанд. Бо сабаби пандемия намояндагони Австрия, Тоҷикистон Қазоқистон, Қирғизистон, Исроил, Миср ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба таври онлайнӣ пайваст мешаванд.

Бояд гуфт, ки Фестивали адабии Авруосиёии (Лиффт) ҳамасола аз ҷониби Ассамблеяи халқҳои Авруосиё баргузор мегардад. Ҳадафи он таҳкими эҷодкорӣ ва дӯстии нависандагон ва хонандагон дар Авруосиё ва эҷоди фазои ягонаи адабиёти Авруосиё мебошад. Ба ғолибони он ҷоизаҳои гуногун дода мешаванд.

Дар назар аст, ки ҳамоишро Президенти Фестивали адабии Авруосиёгӣ Маргарита Ал бо шиори «Мо мардуми як сайёраем» оғоз намояд.

АКСҲО: Вазорати фарҳанги ҶТ

Ноябрь 3, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид