Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Ноябрь 15, 2021 19:43

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 15 ноябр дар кишвар 17091 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16965 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Ноябрь 15, 2021 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд