Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Ноябрь 27, 2021 19:26

ДУШАНБЕ, 27.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 27 ноябр дар кишвар 17095 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16966 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Ноябрь 27, 2021 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамарӯза дар ИМА то 400 нафар бар асари коронавирус мефавтанд
Шумораи мубталоёни COVID-19 дар ҷаҳон аз 592 миллион нафар гузашт
ВИРУСОЛОГҲО ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТ ВА МУҲЛАТИ МАВҶИ НАВИ COVID-19 ДАР РУСИЯ. Вазири тандурустии Тоҷикистон мавҷуд будан ё набудани омилҳои воридшавии коронавирусро ба кишвари мо шарҳ дод
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2661 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
Олимони тоҷик алайҳи коронавирус даво ихтироъ кардаанд
COVID-19. Ҷопон аз рӯи афзоиши шабонарӯзии сироятҳо дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ситоди доимоамалкунада оид ба назорати саломатии мусофирон таъсис дода шудаст
Ба Тоҷикистон 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer» ворид карда шуд
COVID-19. Субҳи имрӯз ба Тоҷикистон беш аз 204 ҳазор воя ваксина ворид гардид
Дар Қазоқистон дар як шабонарӯз 1477 нафар гирифтори бемории короновирус шуданд
ДАР ҚАЗОҚИСТОН ШУМОРАИ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ЯКБОРА ЗИЁД ШУД. Маълумот оид ба вазъи сирояти COVID-19 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Маводҳои таҳлилӣ