Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и Фаронса Софӣ Макариу мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и Фаронса хонум Софӣ Макариу доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин ба роҳбарият ва аҳли масъулони Осорхонаи “Гиме” барои заҳмату ҳамкорӣ бо осорхонаҳои Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, хосатан барои дар сатҳи шоиста танзим гардидани маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи болозикр бо сарпарастӣ ва иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Фаронса 13 октябри соли равон арзи сипос намуд.
Бояд тазаккур дод, ки намоиши нигораҳои нодири аз осорхонаҳои миллӣ ва бостоншиносии Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия (Хазинаи Амударё) овардашуда то 10 январи соли 2022 идома ёфта, дар ташвиқу тарғиби таърихи бостонӣ, фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ва ҷалби теъдоди бештари сайёҳон аз минтақаи Аврупо ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон бо истифода аз ин фурсати муносиб Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме” дидан кард.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд






