Сироҷиддин Муҳриддин ва Ғода Волӣ мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру ҷинояткориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ғода Волиро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд»,- хабар доданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон сухан гуфт.
«Нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кумаки фаннӣ муҳим аст»,- таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
АКС: ВКХ ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






