Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Глазго баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши ҳифзи муҳити зист таҳким мебахшанд. Ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Туркия Мурат Курум 8 ноябр дар доираи Конфронси 26-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир доир гардид, баррасӣ шуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон дар радифи баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории судманд миёни мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Туркия инчунин доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда, онро ташаббуси саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Туркия инчунин масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, ҳусусан муҳофизати табиат ва коркарди партовҳои сахти маиширо муҳокима намуданд.
Вазири муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия Мурат Курум доир ба ташаббуси бонуи якуми Ҷумҳурии Туркия хонум Эмине Эрдуғон оид ба кам кардани партовҳои коркарднашаванда ибрози назар намуда, ҳамзамон зикр кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар масъалаи ҳифзи муҳити зист имконияту иқтидорҳои истифоданашуда вуҷуд доранд. Мурат Курум ба ҷониби Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати боздид аз павилиони Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 26-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британия созмон дода шудааст ва ташкили мулоқоти дуҷониба арзи сипос намуд.
Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ










Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






