ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, якшанбе, 325-умин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 21, 2021 08:00

21 ноябри соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия  зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур «Шкода АУТО» масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани фурӯшгоҳи автомобилии мазкур баррасӣ гардид.

***

7 сол пеш, 21 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» доир гардид.

21 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии телевизион.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии салом.

***

Дар Россия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.

***

Дар Камбоҷа – Фестивали об.

РӮЙДОДҲО:

21 ноябри соли 2017 дар Қасри миллат ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 нафар сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон, Ҷумҳурии Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Кипр ва Давлати Исроил эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарони кишварҳои хеш тақдим карданд.

***

21 ноябри соли 2013 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ  «Ховар» дар доираи лоиҳаи «Рушди воситаҳои ахбори оммаи пурқувват ва мустақил» барои воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Пешниҳоде, ки рад карданаш имконнопазир аст»,  давраи омӯзишӣ доир карда шуд.

***

174 сол муқаддам, 21 ноябри соли  1847 дар кӯли Мичигани ИМА киштии Голландия «Финикс» оташ гирифт, ки дар натиҷа 240 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

21 ноябри соли 1892 дар Париж Ҳизби сотсиалистии полякҳо таъсис дода шуд.

***

 Дар ин рӯзи соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ барои пурра мустақил гардидани мустамликаҳои собиқи Италия  овоз дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1972  дар ҷаласаи 17-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Ҷумҳурии Демократии Германия ба ҳайати он шомил карда шуд.

***

Соли 1996  дар қароргоҳи СММ аввалин форуми байналмилалии телевизионӣ баргузор гардид.

Ноябрь 21, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш