Теъдоди қурбониёни COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

Ноябрь 9, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози пандемия дар ҷаҳон беш аз 5 071 143 нафар аз COVID-19 фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).

 Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар сайёра 251 083 108 нафарро ташкил медиҳад. Дар тамоми давраи пандемияи COVID-19 беш аз 227,3 миллион нафар мубталоён шифо ёфтаанд. Бештар ҳолатҳои сироятёбӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба қайд гирифта шудаанд, ки зиёда аз 47,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 776,3 ҳазор нафар фавтида, 37,4 миллион нафар шифо ёфтаанд. Дар ҷои дуюм Ҳиндустон бо беш аз 34,3 миллион нафар (461,3 ҳазор нафар фавтиданд, 33,7 миллион нафар шифо ёфтанд) меистад. Ҷои сеюм ба Бразилия тааллуқ дорад — беш аз 21,8 миллион нафар гирифтор шуда, 609,6 ҳазор нафар фавтидаанд ва қариб 21,1 миллион нафар шифо ёфтаанд.

                                             АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд