Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ тақдими туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» дар ноҳияи Фирдавсӣ низ роҳандозӣ гардид. Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат нахуст ба собиқадорони ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Нафароне, ки китобро дастрас намуданд, ин амалро хуш истиқбол карда, зимни суҳбат бо аъзои гурӯҳи корӣ иброз доштанд, ки «бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик вориди хонадони мо гардид. Мутмаинем, ки он дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад».
Зикр шуд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» асари нотакрору фарогир буда, дар он таърих, забон, адабиёт, дин, фарҳанг, илм, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, меъморию сохтмон, косибию зироат ва соҳаҳои дигар хеле равшану возеҳ ва боэътимод ба риштаи таҳлил гирифта шудаанд.
Омӯзиши ин китоб ба огоҳии бештари насли ҷавон аз таъриху фарҳанг ва баланд шудани ҳисси худшиносию эҳтиром ба арзишҳои гузаштагон мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






