Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Узбекистон соҳиби панҷ медал шуданд

Ноябрь 3, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ WKF таҳти унвони «СУРХОН ОПЕН 2021» бо иштироки беш аз 350 нафар варзишгарон  аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки  дар он варзишгарони тоҷик иштироки фаъолона  намуда, сазовори панҷ медал гардиданд, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода  ба мухбири АМИТ «Ховар». 

Дар мусобиқаи мазкур 45 нафар варзишгарон аз дастаҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи  ҷумҳурӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистонро парафшон гардониданд. Аз дастаи вилояти Суғд 4 нафар- Ҷо-Чун-Си Руслан дар вазни +40кг сазовори ҷойи сеюм, Султонов Алишер дар вазни 47кг сазовори ҷойи дуюм, Муҳаммадҷон Фурқатзода дар вазни +68кг сазовори ҷойи дуюм ва сеюм ва Отабек Абдураҳмонов дар вазни-67кг соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.                                  

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад