ЗАМИНРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БОЯД КАРД. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ майдони заминҳои корами обӣ беш аз 50 ҳазор гектар зиёд гардид

Ноябрь 3, 2021 13:05

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дирӯз, 2 ноябр баргузор шуд, зикр намуданд, ки соли равон хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талаф ёфтани зироати кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид.

Пешвои миллат зимни ҳар сафар ба шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳӯрӣ дар вохӯрӣ бо сокинон пайваста таъкид мекунанд, ки соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст.  Сарвари давлат  зарур мешуморанд, ки ҳар оила мебояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ  дошта бошад.  Ба ин хотир бояд ҳар порча замин оқилона истифода бурда,   истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, картошка ва биринҷ зиёд карда шавад.

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки обу заминҳои корам зикр намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодаанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро махсусан дар соли 2021 таъмин намоянд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста  ба замин ва рушди соҳа дар даврони истиқлолияти давлатӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода андешаҳояшро чунин баён намуд:

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сол муқаддам ба даст омада буд, барои рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ замина фароҳам оварда, барои беҳтар гардидани шароити зисти сокинони ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Аз ҷумла, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва дастгириву ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди соҳибистиқлол шудани кишвар дар самти корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи мақсадноки замин ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳидоят менамоянд, ки замин бояд ҳамеша дар дасти деҳқонони асил бошад, зеро ки онҳо ба қадри замин мерасанд ва онро самаранок истифода мебаранд.

Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат зимни ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони Кумитаи давлатӣ 30 ноябри соли 2012 таъкид намуда буданд, ки «истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат, манбаи асосии таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва самти афзалиятноки афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат буда, муҳимтар аз ҳама, заминаи аввалиндараҷаи ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мебошад».

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 75 ҳазор гектар қитъаи замин ба мардум тақсим гардид. Ин қитъаҳои замин миёни мардум ҳамчун қитъаҳои замини президентӣ маъруф буда, дар он солҳое, ки кишвар буҳрони иқтисодиро паси сар менамуд, барои беҳсозии шароити зисти сокинони кишвар хеле мусоидат намудаанд.

Дар баробари ин, бо иқдомҳои неки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва давлатӣ дар ҷумҳурӣ мавриди таҷдид ва ислоҳот қарор дода шуда, имрӯз дар ҷумҳурӣ 192 571 хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба ҳолати 1 январи соли 1998-ум (ки 7836 адад хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буд)  184735 адад зиёд аст.

Зикри ин нукта низ муҳим аст, ки соли 1990 заминҳои обӣ дар ҷумҳурӣ 709 ҳазор гектарро ташкил медоданд, ба ҳолати 1 январи соли 2021 ин рақам 762 851 гектарро ташкил дода, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 53851 гектар зиёд гардидааст.

Ҳамчунин агар соли 1990 майдони заминҳои корам 815 ҳазор гектар, аз он 565 ҳазор гектарро заминҳои обӣ ташкил дода бошад, ба ҳолати 1 январи соли 2021 ин намуди заминҳо 672404 гектар ва аз он 470947 гектарашро замини обӣ ташкил додааст.

Табиист, баъди хондани ин рақамҳо дар зеҳни хонанда саволи мантиқӣ пайдо мешавад, ки пас давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони заминҳои корам кам шудааст.

Барои тавзеҳи ин гуфтаҳо ва шарҳи он, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ заминҳои корам зиёд шудаанд, боз ҳам рӯ меоварем ба рақамҳо.

Масалан, аз ҳисоби заминҳои корам 75000 гектар барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон, ки ҳамчун замини корам дар истифодаи сокинони мамлакат қарор доранд, ҷудо шудааст. Инчунин тибқи барномаҳо, боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корам бунёд гардидаанд.

Мисоли дигар, агар соли 1990 замини боғот 51300 гектарро ташкил диҳад, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар мамлакат 122245 гектар замин боғ мавҷуд аст, ки давоми 30 соли охир ин намуди замин 70945 гектар зиёд гардидааст.

Илова бар ин, маҳз туфайли ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон  дар маҷмуъ  137 537 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.

Заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои лалмиву чарогоҳ ҷудо гардида, агар танҳо дар як масоҳати муайяни он аҳолии мамлакат манзилҳои истиқоматӣ бунёд намуда бошанд, дар қисми зиёди он обчакорӣ карда, дарахтони мевадиҳанда шинонида, шароити зисти оилавии худро қонеъ гардонидаанд ва ҳоло миқдори зиёдатии онро ба бозор мебароранд.

Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба минтақаҳои мухталифи кишвар ҳатман бо истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ шинос гардида, дар сари дастурхон бо шахсони касбу кору гуногун суҳбатҳои самимӣ анҷом медиҳанд.

Бинобар ин метавон гуфт, ки туфайли ғамхорӣ, ҳидоят ва раҳнамоии  Пешвои миллат миқдори заминҳои корам сол аз сол зиёд гардида, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Ноябрь 3, 2021 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд