Абдураҳмон Муҳаммад: «Омӯзгор бояд тарбиятдида бошад, вагарна касе аз вай донишу таълими дуруст гирифта наметавонад»

Декабрь 24, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад». Ин яке аз муҳимтарин нуктаест, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр  зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд. Воқеан ҳам маориф чун воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд, иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад.

Ҳамсуҳбати мо дар робита ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф зикр намуд, ки  Сарвари давлат дар Паёми хеш супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида пешбинӣ шавад, зеро аксари он донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм мекунанд, забонҳои хориҷиро намедонанд. Ин эроди Сарвари давлат хеле зарурӣ ва баҷост.

«Имсол баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» нишон дод, ки аксари муассисаҳои миёна ва олии мамлакат бо толибилмон кор намекунанд, зеро якчанд нафаре, ки ғолиби озмуни мазкур  муаррифӣ гардиданд, аз муассисаҳои хусусӣ буданд»-, мегӯяд Абдураҳмон Муҳаммад.

Дар масъала омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки «хонанда дар муассисаи таҳсилоти миёна ва олии мамлакат мехонад, тӯли ёздаҳ сол ба ғайр аз забони модариаш чанд забони дигар меомӯзад, аммо пас аз хатми он маълум мегардад, ки ин забонҳоро намедонад. Нафароне ҳастанд, ки дар факултаҳои забони русӣ таҳсил менамоянд, вале бо ин забон ҳатто муошират карда наметавонанд. Пас маълум мегардад, ки дар ин муассисаҳо шароити бо ин забонҳо  суҳбат карданро сохта наметавонанд. Албатта, дар ин самт  гунаҳкори асосӣ омӯзгор аст. Итминон дорам, ки дар муассисаҳои миёна ва олии мамлакат омӯзгороне ҳастанд, ки худашон забонҳои хориҷиро намедонанд, аммо ба хонандагон дарс медиҳанд. Ба ин масъала сарфи назар аз норасоии омӯзгорон роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат бояд диққати махсус диҳанд».

«Дуруст аст, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон занҳо аз 58- солагӣ ва мардҳо аз 63-солагӣ ба  нафақа мераванд. Аммо мо бояд як чизро ба назар гирем, ки аксари ин омӯзгорон беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ ҳастанд. Мутахассис синну сол надорад,  чаро мо аз таҷрибаи бою ғании онҳо истифода набарем? Ҷавон кардани сатҳи омӯзгорон тақозои замон аст, аммо на ба ин ҳад, ки дар бархе донишгоҳу донишкадаҳои мо ба роҳ монда шудааст”,-изҳори  нигаронӣ намуд Абдураҳмон Муҳаммад.

Мавсуф гуфт, ки «қабул намудани конвенсияҳои байналмилалӣ дар самти таълиму тарбия ва илмомӯзии хонандагон тақозои замон аст, ба шарте, ки дар он хусусиятҳои хоси  ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шаванд. Масалан, ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон ҳангоми ҷорӣ намудани системаи ҷаҳонии таълим дар соҳаи маориф конвенсияро ба шакли таълими худашон мувофиқ намуданд. Аммо дар мо ҳар он талаботе, ки дар ин конвенсия омада буд, ҳамонро қабул карданд».

«Пешвои миллат дар Паёмашон як нуктаи муҳимро мантиқан иброз намуданд, ки барномаҳо кӯҳна ҳастанд. Барои доно як ишора бас аст. Омӯзгор агар ҷавобгариро ҳис накунад, вай муаллим шуда наметавонад. Тарбиятгар бояд тарбиятдида бошад. Агар инсон тарбиятдида набошад, тамоми донишҳои дунёро дар сараш ҷо кунӣ ҳам, касе аз вай донишу таълими дуруст гирифта наметавонад”,-гуфт дар интиҳои суҳбат Абдураҳмон Муҳаммад.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон консерти тантанавӣ доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд
Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад
«ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР». Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои бачагона оғоз ёфт
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар навсозии Қалъаи Хуҷанд унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта мешавад
Дар Ҳисор бахшида ба эҷодиёти шоир ва драматурги тоҷик Ҳикмат Раҳмат маҳфили адабӣ баргузор шуд
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 62 иштирокчии даври шаҳрии озмун дар Норак ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт
Бостоншиносон дар ёдгории бостонии Санҷаршоҳ ҳафриёт мегузаронанд
Дар Душанбе доир ба нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология Конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ машварати илмӣ-амалӣ гузаронида шуд