ҲАМА БОЯД БАЪДИ НА ДЕРТАР АЗ ШАШ МОҲ АЗ РЕВАКСИНАТСИЯ* ГУЗАРАНД. Чунин мешуморад табиби рус Мясников. Қаблан мутахассиси тоҷик низ ин тавсияро дода буд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табиб ва ровии телевизиони рус Александр Мясников гуфт, онҳое, ки моҳи октябр ва ё қаблан бемор шуданд ё эм карданд, бояд аз реваксинатсия* гузаранд. Ӯ муҳлатҳои реваксинатсияро барои мағлуб кардани навъи омикронии коронавирус номбар кард. Дар ин бора ӯ дар шабакаи Телеграми худ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Фарқ надорад, ки шумо бемор шудед ё ваксина гирифтед. Шумо бояд баъди на дертар аз шаш моҳ аз реваксинатсия гузаред», — тазаккур дод ӯ. Ба таъкиди табиб, дар акси ҳол, пеши роҳи шиддати омикронро гирифта намешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов низ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зарурати аз реваксинатсия гузаштанро изҳор дошта буд. Ӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки ҳар шаш моҳ як маротиба аз реваксинатсия гузаранд.
«Аз он шурӯъ мекунем, ки роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад, — гуфт ӯ. — Ваксина аввал бояд ба одамоне гузаронида шавад, ки аз COVID-19 сироят наёфтаанд, зеро эҳтимоли сироят ёфтани онхо ба COVID-19 бештар аст».
Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал чунин афрод бояд ду маротиба ваксина гиранд. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксина вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте бори якум ваксина гузаронида мешавад, бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо гардида, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.
Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар бояд аз нав ваксина карда шавад.
Ба гуфтаи мудири кафедраи ДДТТ Саидбек Сатторов, бо сабаби вазъи кунунии бошиддат паҳншавии ин вирус дар кишварҳои хориҷӣ ва сатҳи баланди бемории COVID-19 эҳтимоли аз хориҷи кишвар ворид шудани ин беморӣ ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. «Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки аҳолии мо ба ном «вояи бустерн»*-ро гиранд, яъне то ба охир расидани пандемия ҳар 6 моҳ такроран аз ваксинатсия гузаранд», — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи иммунизатсияи аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 10 декабри соли равон 55,3 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
______________________
*Вояи бустерн (аз англ. boost — «баланд кардан») — бо гузашти муддати муайян пас аз гирифтани вояҳои аввали ваксина ба таври илова ба бадан гузаронидани ваксина мебошад. Ин истилоҳ дар мавриди реваксинатсия низ ба кор бурда мешавад.
*Реваксинатсия – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудаанд.
АКС: Youtube/АМИТ «Ховар»








САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»






