ҲАМА БОЯД БАЪДИ НА ДЕРТАР АЗ ШАШ МОҲ АЗ РЕВАКСИНАТСИЯ* ГУЗАРАНД. Чунин мешуморад табиби рус Мясников. Қаблан мутахассиси тоҷик низ ин тавсияро дода буд

Декабрь 16, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табиб ва ровии телевизиони рус Александр Мясников гуфт, онҳое, ки моҳи октябр ва ё қаблан бемор шуданд ё эм карданд, бояд аз реваксинатсия* гузаранд. Ӯ муҳлатҳои реваксинатсияро барои мағлуб кардани навъи омикронии коронавирус номбар кард. Дар ин бора ӯ дар шабакаи Телеграми худ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Фарқ надорад, ки шумо бемор шудед ё ваксина гирифтед. Шумо бояд баъди на дертар аз шаш моҳ аз реваксинатсия гузаред», — тазаккур дод ӯ. Ба таъкиди табиб, дар акси ҳол, пеши роҳи шиддати омикронро гирифта намешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов низ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зарурати аз реваксинатсия гузаштанро изҳор дошта буд. Ӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки ҳар шаш моҳ як маротиба аз реваксинатсия гузаранд.

«Аз он шурӯъ мекунем, ки роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад, — гуфт ӯ.  — Ваксина аввал бояд ба одамоне гузаронида шавад, ки аз COVID-19 сироят наёфтаанд, зеро  эҳтимоли сироят ёфтани онхо ба COVID-19  бештар аст».

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал чунин афрод бояд ду маротиба ваксина гиранд. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксина вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте бори  якум ваксина гузаронида мешавад,  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  гардида, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар  бояд аз нав ваксина карда шавад.

Ба гуфтаи мудири кафедраи ДДТТ Саидбек Сатторов, бо сабаби  вазъи кунунии бошиддат паҳншавии ин вирус дар кишварҳои хориҷӣ ва сатҳи баланди бемории COVID-19 эҳтимоли аз хориҷи кишвар ворид шудани ин беморӣ ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.  «Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки аҳолии мо ба ном «вояи  бустерн»*-ро гиранд,  яъне то ба охир расидани пандемия ҳар 6 моҳ такроран аз ваксинатсия гузаранд», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи иммунизатсияи аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 10 декабри соли равон 55,3 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

______________________

*Вояи бустерн (аз англ. boost — «баланд кардан») — бо гузашти  муддати муайян пас аз гирифтани вояҳои аввали ваксина ба таври илова ба бадан гузаронидани ваксина мебошад.  Ин истилоҳ дар мавриди реваксинатсия низ ба кор бурда мешавад. 

  *Реваксинатсия – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудаанд.

                                      АКС: Youtube/АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ