Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар соҳаи озодии баён ва матбуот баррасӣ гардид

Декабрь 3, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Тереза Рибейро 2 декабр дар Стокҳолм  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо САҲА дар соҳаи озодии баён ва матбуот мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Стокҳолм ҷаласаи 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба кори худ оғоз намуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 3, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд